Дар Душанбе Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад

12 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи «Ҳафтаи соҳибкорӣ» ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор мегардад.

Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, соҳибкорони муваффақи мамлакат бо мукофотҳо сарфароз мегарданд. Ҳамзамон намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ ташкил карда мешавад.

Дар ин рӯз инчунин Форуми «Стартапстан» «STARTUPSTAN» гузаронида мешавад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, бонкҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, муассисаҳои олии мамлакат ва шарикони рушд иштирок менамоянд.

Таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва вусъати муколама байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин дарёфти имконияти рушди стартапҳо (лоиҳаҳои тиҷоратӣ) аз ҳадафҳои Форуми «Стартапстан» арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *