Дар Душанбе се шаҳрванд бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуданд
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Амонзода С.37-сола, Назаров Н.38-сола ва Саймаҳмадов В.-и 44-сола, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардаанд ва бо баҳонаҳои гуногун аз шаҳрвандон маблағи калон талаб гирифтаанд, боздошт шудаанд.
Номбурдагон худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ талаб карда мегирифтаанд.
Айни замон, ин се нафар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ