Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 18 октябри соли равон дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор мешавад.
Дар доираи ин синамоҷоиза, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Узбекистон, Татаристон ва Ҳиндустон, ҳамзамон Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва Шурои директорони киностудияҳо доир мегарданд.
Филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ низ намоиш дода мешаванд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ