Дар Душанбе таваллуд зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон таваллуд кам ва фавт зиёд шудааст. Директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки дар моҳҳои январ-июни соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабти таваллуд дар ҷумҳурӣ 3 фоиз кам шуд.

Мавсуф афзуд, ки тамоюли камшавии сабти таваллуд дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз шаҳри Душанбе мушоҳида мегардад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки камшавии сабти таваллуд дар вилояти Хатлон 2,9 фоиз (44,9 ҳазор кӯдаки навзод), дар вилояти Суғд 3,9 фоиз (25,7 кӯдаки навзод), дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 6,5 фоиз (23,9 ҳазор кӯдаки навзод) ва дар Бадахшон 5,5 фоиз (1,6 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намудааст. Дар ин давра сабти таваллуд дар шаҳри Душанбе зиёд шуда, 8,3 фоиз (10,8 ҳазор кӯдаки навзод)-ро ташкил намуд.

Бақайдгирии шахсони фавтида дар шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз зиёд шуда, 17 ҳазор нафарро ташкил дод.

Зиёдшавии сабти шахсони фавтида дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *