Дар Душанбе як фолбинзан боздошт шуд (аудио)
РВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҷаримабандӣ шудани як нафар зан хабар дод, ки ба сеҳргарӣ машғул будааст.
— Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативию санҷишӣ шаҳрванд Нуралиева Мунаввар Вайсиддиновна, соли таваллудаш 25.05.1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқиро дастгир намуданд, ки номбурда дар манзили истиқоматии худ бо истифода аз ҳар гуна ашёҳо ба сеҳргариву ҷодугарӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст,- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда дар асоси моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода ва ба миқдори 2560 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ