Дар Душанбе якумин Фестивали либоси миллӣ баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе аввалин Фестивали либоси миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар якумин Фестивали либоси миллӣ намунаҳои беҳтарини либосҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Дар баробари либосҳои миллии тавсиявӣ барои занону духтарони тоҷик, омода намудани тарҳи либосҳои миллӣ барои мардони тоҷик низ дар назар дошта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл парлумони кишвар ба ҷонибдории қонуни нав овоз дод, ки пӯшидани либосҳои бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, доманҳои кӯтоҳ (мини-юбка), шимҳои даридаи ҷинс ва дигар либосҳои барои фарҳанги миллати тоҷик бегонаро манъ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ