Дар Эрон аз арақхӯрӣ 4 нафар мурданд

Чаҳор нафар, аз ҷумла  як зан, дар Эрон баъди нӯшидани шароб фавтиданд. Ба гуфтаи мақомоти адлияи ин кишвар, ҳодиса дар шаҳри Караҷ, воқеъ дар қисмати ғарбии Теҳрон, ба вуқӯъ пайваст.

Хабаргузории ИСНА- и Эрон  рӯзи 13-уми сентябр аз қавли прокурори  Караҷ Ризо Шоҳкарамӣ гуфтааст, ки қариб 40 нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.Прокурор гуфтааст, ки ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр рух дод, таҳқиқ мешавад.Аз замони инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, нӯшидани шароб дар Эрон мамнӯъ аст ва бо шаллоқу ҷаримаҳои ҳангуфт муҷозот мешавад.Бо вуҷуди ин, бисёре аз эрониҳо шаробҳои хориҷӣ ва ё худсохтро, ки дар бозорҳои сиёҳ муҳайё аст, истеъмол мекунанд.Дар гузашта низ якчанд ҳодисаи маргу мир дар пайи нӯшидани алкоҳол дар Эрон гузориш шуда буд. Соли 2014 Эрон барои кумак ба муътодони алкоҳол маркази табобатӣ ифтитоҳ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *