Дар Эрон занонро бордор кардан мехоҳанд

Дар Эрон қонунеро бо номи «Ҳимоят аз хонавода ва ҷавонии ҷамъият ва ё аҳолӣ» қабул карданд, ки бар асоси он дигар истифодаи лавозимоти пешгирӣ аз ҳомиладории нохоста ба мисли рифола манъ аст. Қаблан ҳукумат худаш дар хариди ин васоил ба аҳолӣ кумак мекард, аммо акнун баръакс шуд. Ҳоло бисёриҳо метарсанд, ки ин қонун оқибатҳои баде барои сиҳатии аҳолӣ хоҳад дошт. Манъи истифодаи рифола дар Эрон тарс аз ҳомиладории нохоста ва авҷ гирифтани бозори сиёҳи доруро барангехт. Бар асоси он, ҳукумат дигар барои хариди васоили пешгирӣ аз бордорӣ кумак намекунад. Безурёт кардан ҳам мамнуъ шуд. Як зани эронӣ, ки аз ҳолати пешомада дар ҳайрат афтодаву норозӣ аст, мегӯяд: “Ман солҳост аз доруи зидди бордорӣ истифода мекунам, ба хотири бемории ҳормоние, ки дорам. Имрӯз ин чорумин дорухона аст, омадам, ки ин доруро бигирам. Ба ман гуфтанд, ки ин дору нест, ноёб шудааст. Чанд дорухона рафтам, набуд. Баъд иллаташро пурсидам, ки чаро ин дору пайдо намешавад? Гуфтанд, дастур омадааст, ки ин дору бояд ҷамъоварӣ шавад, ба хотири афзоиши ҷамъият». Ин ва дигар мусоҳибон нахостанд номашон ошкор шавад, вале тақрибан ҳамаашон қарори нави ҳукуматро ҳамчун дахолат ба ҳаёти хусусии инсон ва ба ҳам задани нақшаву барномаҳои зиндагии оилаҳои маҳаллӣ интиқод карданд. Чун акнун мардум дигар бе дорухати табиб, василаҳои пешгирӣ аз бордориро харида наметавонанд ва баръакси солҳои пеш акнун бояд ҳамаи пулашро худашон пардозанд. «Чаро ин корро мекунанд? — мегӯяд як зани дигари эронӣ. — Чаро аз дорухонаҳо васоили ҷилавгирӣ аз бордориро ҷамъ мекунанд, ки, масалан, ҷамъияташон зиёд шавад? Хуб мардум мераванд, ниёзҳояшонро бартараф мекунанд, пайдо мекунанд. Масалан ман рафтаму ин дуторо гирифтам, аз фурӯшгоҳҳои хориҷ аз кишвар, намедонам, қочоқ, аз ҳар ҷойи дигар. Ба ҳар ҳол ба дасти мардум мерасад, вале аз куҷо медонам, сифаташ чӣ гуна аст?» Қонун барои оилаҳои эронӣ имтиёзҳои нав, аз ҷумла бимаи тиббӣ барои модароне, ки кор намекунанд, додааст. Ба онҳое, ки фарзанди саввум меоранд, 200 метри мураббаъ замин ваъда додаанд. Аммо як ҷуфти ҷавони эронӣ зиёд хушҳол нест: «Ману онҳое, ки намехоҳанд бачадор шаванд, ману хонумам, ки тасмим гирифтем бачадор нашавем. Шумо бо зӯр наметавонед моро мошини чӯҷакашӣ кунед. Ҳамин ҳоло мо солона аз 300 то 400 ҳазор исқоти ҳамли ғайриқонунӣ дорем, агар лавозими пешгирӣ аз бордорӣ дастнорас шавад, зиёдтар хоҳад шуд». Қонунро моҳи октябр қабул карданд ва раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманаӣ аз он ҳимоят кардааст. Эрон 84 миллион аҳолӣ дорад ва афзоиши он то 10-15 соли дигар ба сифр мерасад. Зоҳиран ҳамин омил боис шуд, ки мақомот дар фикри роҳҳои афзоиши аҳолӣ шуданд. Яке аз тарафдорони он раҳбари олии ин кишвар аст. Оятулло Алии Хоманаӣ гуфтааст: “Баҳангом ва яке аз корҳои бидуни таъхир ва воҷибе фарзандоварӣ ва таксири насл яке аз вазоифи муҳим ва асосист.” Масъуд Мардонӣ, узви Шӯрои мубориза бо HIV/AIDS мегӯяд, ин қонун паёмадҳои дигари манфӣ меорад, аз ҷумла, сабаби афзоиши бемориҳои сироятии ҷинсӣ мешавад. Аксарият қонунро дахолат ба зиндагии хусусии мардум медонанд. Як зани зани эронӣ мегӯяд: “Духтари ман омада, дирӯз ба ман мегӯяд: «модар, инҳо ба хусуситарин масъалаи зиндагии мо қонун мегузоранд. Ман мехоҳам, аз ин мамлакат биравам». Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар хост, Эрон фавран аз ин қонун даст бикашад. Созмон гуфт, қонуни нав сиҳативу ҷони занонро дар хатар мегузорад. озоди

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *