Дар Фарғона масъалаи нозук роҳи ҳаллашро ёфта истодааст
24 феврал дар шаҳри Фарғона ҷаласаи навбатии комиссияи байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи байни Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳти раҳбарии сарвазирони ду кишвар Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода доир шуд.
Аз 1333 километр марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон то имрӯз 14 дарсадаш таъйинношуда ва мавриди баҳс боқӣ мемонад.
Бино ба гузориши расмии вазорати хориҷаи Ӯзбекистон, нишасти навбатии ҷаласаи навбатии комиссияи байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар шаҳри Фарғона бомуваффақият анҷом ёфта, «тарафҳо бархӯрди созанда ба муҳокима ва ҳалли тамоми масоили мавҷуда дар рӯзномаи комиссияи байнидавлатиро таъкид кардаанд.
Ин ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода рӯзи 24 феврал дар шаҳри Фарғона доир шуд. Дар нишаст ҳамчунин аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва ниҳодҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя ширкат кардаанд. Гуфта мешавад, дар музокироти Фарғона мавзӯи хатти марзи байни ду кишвар дар қитъаҳои алоҳида баррасӣ шуда, «ҳарду тараф таъкид кардаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд дар масъалаи аломатгузории марз ба пешрафти назаррас ноил шаванд.”
Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар гузориши расмиаш мегӯяд, «дар ҷараёни музокироте, ки дар фазои боз, дӯстона ва созанда доир шуд, роҳбарони ҳайъатҳои тарафҳо ба сатҳи кунунии равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ баҳои баланд доданд. Таъкид шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар тамосҳо дар сатҳҳои олӣ ва баланд фаъолтар шуда, мубодилаи муассири байни ҳайъатҳои давлатӣ сурат мегирад, ҷаласаҳои комиссияҳои байнидавлатӣ бо муваффақият доир шуда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ба таври пурсамар ташкил шуд.”
Тоҷикистону Ӯзбекистон то соли 2002 аз 1332,9 километр марзи байнашон тақрибан 86 дарсадашро таъйин ва аломатгузорӣ карданд, вале тӯли 15 соли охир дар ин масъала дигар ягон километр пеш нарафтанд. Як мояи асосии баҳси марзии ду кишвар обанбори Фарҳод аст, ки Ӯзбекистон онро моли худ ва Тоҷикистон аз худ мешумурд. Бино ба хабарҳо, зимни сафари моҳи январи Абдулло Орипов ба Душанбе тарафҳо дар ин масъалаи нозук даст ба тавофуқ ёфтаанд. Бар асоси ин тавофуқ, обанбори Фарҳод қаламрави Тоҷикистон ва моликияти Ӯзбекистон эътироф хоҳад шуд.
Дар нишасти Фарғона тарафҳо ҳамчунин масоили ташкилии чорабинии хеле муҳим – таҳия ва мувофиқати тарҳи созишномаҳои дутарафаеро, ки қарор аст, моҳи март дар ҷараёни нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шаванд, низ баррасӣ кардаанд.
Дар ҷараёни ин сафари Мирзиёев, интизор меравад, байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 20 созишнома ба имзо бирасад, ки муҳимтаринҳояш дар бораи аз сар гирифтани харидуфурӯши нирӯи барқу газ ва равуои қаторҳои роҳи оҳан байни ду кишвари ҳамсоя ва созишномаи нав дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон аст. Бар асоси ин созишномаи охирин бояд ба сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳаққи бидуни виза ба муҳлати то 30 рӯз сафар кардан ба қаламрави кишварҳои якдигар дода шавад.
Ҳукумати Ӯзбекистон ахиран қарореро қабул кард, ки бар асоси он бояд дар рӯзҳои наздик дар марз бо Тоҷикистон 8 гузаргоҳи марзӣ, ки соли 2009 баста шуданд, аз нав фаъол карда шаванд. Ҳамчунин ба ширкати «Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” дастур шудааст, ки алакай то 1 март қисмати ӯзбекистонии қитъаи роҳи оҳани Ғалаба – Хошадиро барқарор кунад. Ӯзбекистон соли 2011 ин роҳи оҳанро бо баҳонаи «зарари иқтисодӣ” доштанаш барчида, вилояти Хатлон – бузургтарин вилояти Тоҷикистонро аз ягона масири роҳи оҳан барои баромадан ба бозорҳои хориҷӣ маҳрум карда буд.
Равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар даврони Ислом Каримов дар тӯли беш аз ду даҳсола як марҳалаи пуртаниши шабеҳи ҷанги сардро пушти сар кард, баъди даргузашти Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба мақоми роҳбари аввали Ӯзбекистон расидани Шавкат Мирзиёев рӯ ба гармшавӣ овард. Мирзиёев ахиран дар як суханрониаш ба зарурати беҳбуди муносибатҳои Тошканд бо ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, «ҳамсояи бадро ҳатто Худо ҳам намебахшад.” Мирзиёев гуфт, ба ин хотир, ӯ бо шартномаҳои «катта-катта” ба Тоҷикистон меравад ва аз ҷумла табодули нирӯи барқ ва равуои қаторҳои роҳи оҳан бо ин кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро барқарор хоҳад кард.
Сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз гармшавии муносибатҳои Тошканду Душанбе гарм истиқбол мекунанд ва ба Мирзиёев барои интихоби роҳи дӯстӣ бо ҳамсояҳо ташаккур мегӯянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ