Дар фаромӯшӣ, аммо дар ёдҳо…

Коргардони  “Зани оҳанин” ва “Найрангҳои Майсара” даргузашт…

Соҷида Ғуломова, коргардони машҳури телевизиони тоҷик дар синни 81 солагӣ аз олам даргузашт. Ҳарчанд  ӯ дар солҳои охири умраш дар фаромӯшӣ буду нафақаи ночиз мегирифт, аммо намоишномаҳои таҳиякардааш ҳамеша дар экран асту ӯ дар қалби тамошобин…

Аз муҳаббат то ғурбат

Ҳамаи қисса аз муҳаббат оғоз шуд. Ҳасани Ғулом, зодаи деҳаи Искили Сиистонтони Эрон ошиқи духтари соҳибҷамоле шуд, духтар низ ба муҳаббати ӯ посух медод, аммо волидайнаш бо баҳонае, ки фарзандашон ҳанӯз ноболиғу кӯчак аст, ба пайванди онҳо розигӣ надоданд. Ҳасан, ки ҷавони хунгарм буд, рад шуниданро ба шаъни худ нозеб гумошта, аспашро савор шуд ва аз Сиистон бадар рафт. Ӯ ба Машҳад омад ва ба хидмати артиши шоҳи Эрон камар басту афсари низомӣ шуд.  Соли 1922, ӯ ҳамроҳ бо тақрибан 600-700 сарбозаш ба саёҳати Озарбойҷони Шӯравӣ омад. Вале дар ин ҳангом марзҳои Шӯравӣ бо Эрон баста шудаву онҳо дар хоки Иттифоқи советӣ монданд. Чун Ҳасан Ғулом дид, ки роҳи бозгашт вуҷуд надорад, ба номи роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин нома навишта, аз ӯ хост, ки сарбозонашро ҷо ба ҷо кунанд. Мақомот ҳам сарбозони эрониро 50-60 нафарӣ дар ҷумҳуриҳои мухталиф тақсим карданд. Ҳасан Ғулом ба Тоҷикистон омад. Дар ибтидо чандин сол дар сафҳои Армияи Сурх бо босмачиҳо мубориза бурда, баъдан ба кори маориф гузашт ва мактаберо бунёд кард, ки роҳбари вақти ҷумҳурӣ Нусратулло Махсум ӯро дар он директор таъин намуд. Ҳасан дар Тоҷикистон оиладор ва соҳиби ду духтар Фотима ва Соҷида шуд, аммо дере нагузашта ӯ ҳам ба гирдоби ҳаводиси соли 1937 печид, аммо хушбахтона баъди се сол озод шуд ва боз соҳиби 6 фарзанди дигар гардид: Музаффар, Исфандиёр, Гулчеҳра, Шаҳриёр, Гулбаҳор ва Бахтиёр…

“Стансияи кӯҳӣ”-и Анвар Тӯраев ва Ҳабибулло Абдураззоқов, соли 1973 (С. Ғуломова дар нақши котиб)

Пайдарҳам ба ҳунар, аммо бе унвону подош

Фотима духтари калонии Ғулом ибтидо дар факултаи кимиё таҳсил мекард. Он солҳо таҳсили духтарон дар риштаи актёрӣ роиҷ набуд, бинобар ин духтаронро ба ҳар роҳу восита ба ин ихтисос ҷалб мекарданд. Фотима низ бо талқини вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров ба ГИТИС –институти санъати театрии ба номи Луначарский барои таҳсил фиристода шуд. Ӯро устодони бузурги санъат Борис Бибиков ва Олга Пижова, ки шогирдони Станиславский буданд, бо оғӯши боз қабул кардаву дар кӯраи санъат обутоб дода, ба ӯ санъати актёрӣ омӯзониданд.  Ӯ дар радифи Марям Исоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Носир Ҳасанов, ҳамсари ояндааш Ҳабибулло Абдураззоқов ва дигарон ГИТИС-ро хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт ва қариб 60 сол боз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ нақш меофарад…

Соҷида Ғуломова низ аз пайи Фотима рафт…

 

Исфандиёр Ғуломов бошад, мехост шарқшинос шавад, аммо тақдир ӯро ҳам ба ГИТИС бурд. Вай солиёни зиёдест, ки дар Театри Лоҳутӣ кор мекунад…

Ин се нафар дар санъати тоҷик мавқеи намоёнро ишғол мекунанд, аммо, мутаассифона, ягон нафарашон ба таври шоиста қадрдонӣ нашуданд. Фотима Ғуломова танҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудаву унвони Ҳунарпешаи халқиро нагирифт, ҳол он ки аз халқитарин актрисаҳост. Исфандиёр Ғуломов бо вуҷуди кӯлбори пур ва нақшҳои ҷолиб ягон унвони давлатӣ надорад, Соҷида Ғуломова низ…“Чор нафар аз Чорсанг”-и Маргарита Қосимова, соли 1972 (С. Ғуломова дар нақши лаҳзагӣ)

Ба Фотимаву Соҷида пайравӣ карда, духтарамакашон Зулхумор Иброҳимова ҷодаи санъатро пеша карду солҳо дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ нақшофарӣ мекунад ва имрӯз Ҳунарпешаи халқист. Писари Фотима – Барзу аз беҳтарин режиссёри замони муосир аст, Моҳпайкар хоҳарзодаи инҳо бошад, айни ҳол симои дурахшонест, дар санъати кишвар ва Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор мекунаду дар филмҳои зиёд ҳам нақш офарид…

“Буд набуд…” “Зане аз роҳи дур” буд…

Ин достон, достони Соҷида Ғуломова хоҳад буд. Соҷидае, ки бо спектаклҳояш даҳҳо ҳунарпеша машҳур шудаву унвонҳо гирифтанд, аммо худаш қадр нашуд…

Соҷида Ғуломова 25 марти соли 1937  таваллуд шудаст. Соли 1960 гурӯҳи тоҷикии Институти театрии шаҳри Маскав ба номи Луначарскийро хатм кард, аммо мисли ҳамсабақонаш дар театру кино кор накарда, ба кори телевизион гузашт ва намоишномаҳои зиёдеро офарид. Ӯ метавонист дар даҳҳо асари худаш нақш офарад ва ба ин васила шуҳрату обрӯ ёбад, аммо ӯ инро ба худ эб намедид. Симои  Соҷидаро дар санъати бозигарӣ дар 5 филми истеҳсолкардаи “Тоҷикфилм” метавон диду халос. Ӯ ҳамагӣ 5 нақши лаҳзагӣ, аммо хотирмон офарид:

  1. “Чор нафар аз Чорсанг”-и Маргарита Қосимова, соли 1972 (нақши лаҳзагӣ);
  2. “Стансияи кӯҳӣ”-и Анвар Тӯраев ва Ҳабибулло Абдураззоқов, соли 1973 (нақши котиб);
  3. “Бофандаҳо”-и Маргарита Қосимова, соли 1973 (нақши лаҳзагӣ);
  4. “Буд набуд, дар синфи як буд…”-и Маргарита Қосимова, соли 1977 (нақши роҳрӯб);
  5. “Зане аз роҳи дур”-и Тоҳир Собиров, соли 1978.“Буд набуд, дар синфи як буд…”-и Маргарита Қосимова, соли 1977 (нақши роҳрӯб);

Ӯ албатта, назар ба актриса бештар режиссёр буд, аммо дар эпизодҳои офаридааш як навъ хусусияти мутафарриқ эҳсос мешуд, ки бо вуҷуди кам будани нақш симои ӯ дар хотири тамошобин мемонад.

Зани оҳанин

 Истеъдод ва дунёи рангини ботинии Соҷида Ғуломова албатта, ҳамчун режиссёри телевизион бештар буруз кардааст. Намоишномаҳои телевизионии ӯ “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аз ганҷинаи бебаҳои “фонди тиллоӣ”-и телевизиони тоҷик ва санъати тоҷик аст. Зеро, бештари ҳунарпешаҳои моро, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ режиссёрҳо ба кино ҷалб накарданд, маҳз Соҷид Ғуломова сабт кард ва ба ин васила намунаи ҳунарашонро барои таърих тақдим намуд. Раҷабгул Қосимова, Убайдулло Раҷабов, Мавлуда Обидова, Ғолиб Исломов, Фотима Ғуломова, Зулхумор Иброҳимова ва чандин нафари дигар маҳз ба воситаи ин бонуи фидоӣ ба экаран баромада, маҳбуби ҳамагон шуданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова гуфта буданд, ки Соҷида Ғуломова на танҳо кошифи истеъдодҳо ва мубаллиғи ҳунари онҳо, балки манбаи таъмини маоши онҳо низ ба ҳисоб мерафт. Ин ҳунарпеша ба ёд меорад, ки маоши театр кам буд ва маҳз Соҷида Ғуломова онҳоро даъват карда, ҳаққулзаҳмаи хуб медод ва ба ин васила онҳо аз тангдастӣ раҳоӣ меёфтанд.

Асрори муваффақияти Соҷида Ғуломова, албатта, заҳмати шабонарӯзиаш буд. Зиндаёд ҷое ишора карда: “Дар тӯли 30 соли кориам ягон бор бюллетени беморӣ нагирифтам. Кор соати 9 сар мешуд, вале ман алаккай соати 7 сари кор будам ва бисёр вақт то ними шаб кор мекардам. Ростӣ, фидоии кор будам.»

 

Қадрношиносиву фаромӯшӣ

Подоши хидматҳои чунин як зани фидоӣ ва ҷоннисор қадрношиносӣ, носипосӣ ва фаромӯшӣ шуд. Ӯро ба ягон унвони давлатӣ сазовор надонистанд, нафақаи ночиз мегирифту дур аз таваҷҷуҳ афтода буд:  “Ман ягон унвони расмӣ надорам – на “ҳунарманди халқӣ”-ам, на “шоиста.” Тасаввур мекунед, ин қадар сол бо чӣ қадар азоб ин намоишномаҳоро рӯи саҳна овардаву ҳоло 200 сомонӣ нафақа мегирам. Ҳамин аст баҳои баланди додагии Кумитаи телевизиону радио.» — гуфта, буд дар мусоҳибаи охири худ ва гиламанд шуд ки ҳатто зодрӯзашро дар тақвими телевизион намедиҳанд.

Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио зимни як суҳбат  гуфта буд, ки маҳз барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар се намоишномаи гузоштаи Соҷида Ғуломова — «Зани оҳананин», «Садо аз тобут» ва «Саҳнаи эҷодкор» барандаи Ҷоизаи давлатии Рудакӣ шудааст. Аммо дар посух ба ин суол, ки пас чаро ба худи Соҷида Ғуломова ҷоизае нарасид? Убайдулло Раҷабов гуфт: “Хонум Соҷида ягон ҷоиза надоранд. Дар давраи раиси кумита буданам кӯшиш буд барои хидматҳои ӯ ва ҳунараш, вале… не нашуд… намешавад.”

Хотима

Бо вуҷуди ин ӯ аз хидмати ба халқу ватанашкарда розӣ буд: “Шукри Худо, хеле бою бадавлатам ман. Се духтару 6 набера ва 2 абера дорам. Ҳамин аст ҳама давлату сарвати ман ва ҳеҷ ганҷе бароям аз ин болотар нест,” – гуфта буд, ӯ дар мусоҳибаи охиринаш.

Соҷида Ғуломова аз дунё гузашт ва бо худ як тика аз таърихи кишвари мо, санъати мо, ҳунари мо ва хотироти неки бузургонро ба хок бурд…  Ӯ ҷаҳоне буд, нашинохта, пур аз ғаму андуҳ ва афсӯс аз заҳматҳои беподошту қадрношуданҳо…

Соҷида Ғуломова солҳои дароз дар телевизион кор кард, аз марги ӯ ҳатто тариқи оинаи нилгун ҳарфе нагуфтанд…

 Одили Нозир

«Тоҷикистон» №12, 20 марти соли 2018

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *