Дар Фаронса шаби солинавӣ 874 автомобилро оташ заданд
Шаби солинавӣ дар Фаронса садҳо автомобилро оташ задаанд. Дар ин бора BFM TV бо истинод ба маълумоти вазири корҳои дохилии Фаронса Ҷералд Дарманен иттилоъ додааст.
Вазир зикр намудааст, ки гарчанде шумораи автомобилҳои аз шаби 31-уми декабри соли 2021 то 1-уми январи соли 2022 оташгирифта ба 874 адад расида бошад ҳам, дар муқоиса бо солҳои пеш кам аст. Мисол оварда мешавад, ки соли 2019 нафарони номаълум зиёда аз 1 ҳазору 300 мошинро оташ зада буданд.
Дарманен инчунин гуфтааст, ки дар як шаб зиёда аз 440 нафар боздошт гардидаву аз ин шумора 380 нафарашон ҳабс шудаанд. Аммо зикр мегардад, ки ҳолатҳои дарафтодан ба кормандони пулис коҳиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ