Дар фазои боронии Ҳисору Турсунзодаву Хуросон 40 мушаки зидди жола партоб шуд
Бо мақсади пешгирӣ аз талафи ҳосил бар асари резиши жола дар қаламрави кишвар кормандони Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 мушак ба фазо партов карданд ва 13 минтақаи жоларезро безарар гардониданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин мушакҳои зиддижолаи навъи “Алазан” дар фазои боронии Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон партов шудаанд.
— Ин тадбир имкон дод, ки садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз хатари жола эмин монанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ