Дар фурудгоҳи Душанбе одоби муошират меомӯзонанд

Таасуроти хуб бардоштани ҳар як сайёҳ ба ҷалби сайёҳон ба кишвар мусоидат менамояд.

Таассуроти хуб бардоштани ҳар як сайёҳ ба ҷалби сайёҳон ба кишвар мусоидат менамояд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» бо иштироки тренери дараҷаи байналмилалӣ Саидмурод Давлатов баргузор гардид.

Мутобиқи барномаи тренинг мубоҳисаҳои ҷолиб байни иштирокдорони чорабинӣ доир гардида, масъалаҳои гуногуни нигоҳ доштани меъёрҳои байналмилалӣ, расму ойин, расмиёти пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани имиҷи кишвар, ҳамчун кишвари сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *