Бекорӣ сабаби афзоиши ҷиноят дар Хатлон шудааст
Давоми соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилотяи Хатлон аз ҷониби беш аз 1 ҳазору 490 ҷавон 1 ҳазору 625 ҷиноят содир шудааст.
Фариза Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон имрӯз, 5-феврали соли равон зимни нишати хабарӣ зикр кард, ки сабаби асосии даст ба ҷиноят задани ҷавонон ин бекорӣ аст. Ӯ гуфт, аз 1493 ҷавоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, 1 ҳазору 395 нафари онҳо ҳамчун ҷавонони бекор сабт шудаанд. Таъкид шуд, ки ҷавонон соли 2020 дар маҷмӯъ 1 ҳазору 625 ҷиноят содир карданд, ки назар ба соли 2019-ум 19 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин, Абдуллозода гуфт, барои пешгирӣ аз омилҳои номатлуб миёни ҷавонон дар соли 2020 беш аз 540 чорабинии гуногун гузаронида шудааст.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ