Дар Хатлон 13 тонна «Қуръон»-ро барои чӣ мусодира карданд?
Мақомоти гумрук дар вилояти Хатлон авоили соли ҷорӣ 13 тонна китоби «Қуръон»-ро мусодира кардаанд. Ба гуфтаи масъулин, ин китобҳо аз Афғонистон тариқи гузаргоҳи «Панҷи поён» ворид шуда, барои «бехатарӣ» мусодира шудаанд. Ва ба Кумитаи дини Тоҷикистон супорида шудааст, ки ин китобҳоро аз ташхис гузаронида, хулосаашоро пешниҳод намояд. Ин китобҳо дар шаҳри Бохтар нигаҳдорӣ мешаванд.
Ин китобҳо бар асоси декларатсия ё расман вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, ба хотири санҷиши муҳтавояшон мусодира шудаанд. Номи соҳибкоре, ки ин китобҳоро ба Тоҷикистон ворид кардааст, ба мақомот маълум аст, аммо онҳо аз ифшои номи ӯ худдорӣ кардаанд.
Дар Раёсати гумруки вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир интизори иҷозаи КДАМ ҳастанд ва дар сурати мамнуъ будани фурӯши китобҳо, соҳибкорон онҳоро ба Афғонистон пас мегардонанд.
Мақомот шумораи китобҳоро эълон накарданд. Аммо ба гуфтаи масъулини Раёсати гумрук дар Хатлон, ин китобҳо бо як мошини боркаш ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва ҳар як нусхаи ин китоб 2,5 кило вазн дорад. Ин китоб аз арабӣ ба чанд забони дигар баргардон шудааст.
Аз Раёсати гумруки вилояти Хатлон ҳамзамон ба хабарнигорон гуфтанд, ки соли 2021 тариқи гузаргоҳи «Кокул»-и Фархор 27 ҳазор нусхаи «Қуръон» вориди Тоҷикистон шуда буд, ки ба Афғонистон бозпас гардонида шуд. Ин ниҳод мегӯяд, эҳтимол дорад китобҳое, ки дар аввали соли 2022 ворид шуданд, ҳамон китобҳое мебошанд, ки соли гузашта пас гардонида шуда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол қабл тасмим гирифтанд, аз ин ба баъд ҷиҳати ҷилавгирӣ ва манъи вуруди адабиёти мамнуъ чораҳои қатъӣ андешанд ва китобҳое, ки алахусус аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, дигар мавриди ташхиси махсус қарор гиранд. Ин тасмими мақомот аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ