Дар Хатлон аз ҳоло ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд
Таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 22-юми январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи мазкур муовини якум ва муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок кардаанд.
Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ барпо намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар вилояти Хатлон, бо таҳким бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои оммавӣ, вусъати умури кишоварзӣ, ташкили чорабиниҳои варзишӣ аз имрӯз омодагӣ бояд гирифт.
Ҳамзамон, таъкид гардидааст, ки ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии “Солҳои рушди саноат” 2022-2026, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ