Дар Хатлон беморхонаи табобати қалб месозанд

Дар назар аст, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар беморхонаи махсус барои беморони қалб сохта шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз дар минтақаи Бохтар беморхонаи махсус вуҷуд надорад.
Ҷурабек Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон, имрӯз, 22 июли соли равон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки барои сохтмони беморхона мавзеъ муайян шудааст. Ӯ афзуд, ки чанд лоиҳа ҳам барои сохтмони бинои алоҳида пешниҳод шудааст. Ба таъкиди вай то охири сол шояд корҳои сохтмонӣ оғоз шаванд.

«Дар ҳақиқат мо дар вилояти Хатлон ҳамин маркази махсусро надорем. Бо дастури раиси вилояти Хатлон, аллакай, ҷой сохтмони бино, дар ҳудуди «Беморхонаи чашм» муайян гардидааст. Лоиҳа низ пешниҳод шудааст. Боварӣ дорем, ки то охири сол сохтмон оғоз мешавад»,-гуфт номбурда.

Мутаассифона, ҳанӯз дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беморхонаи махсус барои табобати беморони қалб нест. Маркази табобати қалб, ки феълан фаъолият дорад барои тахшис аст ва ҷойи бистарӣ барои бемор надорад. Танҳо дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов шуъбаи алоҳида барои бистарӣ ва табобати беморони дил фаъолият дораду халос.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *