Дар Хатлон беш аз 30 омӯзгор соҳиби замин шуданд
Дар шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар машварат Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Ҷуразода Ҷамшед, муовини аввали вазири маориф ва илми кишвар ва дигар масъулин иштирок карданд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ дар вилояти Хатлон 32 иншооти соҳаи маориф бо 213 синфхонаи иловагии дорои 10 ҳазору 650 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки дар доираи барномаҳои соҳаи маориф ва истиқбол аз 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар 165 иншооти дигар бо 1 ҳазору 137 синфхонаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар 56 ҳазору 850 ҷойи нишаст барои хонандагон дар ду баст ташкил хоҳад шуд.
-Дар соли 2023 бо харҷи 260 миллион сомонӣ 95 муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор 402 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Аз ин 59 муассисаи таълимӣ бо 14 ҳазору 300 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон сохта шудааст,-таъкид кард вай.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф – “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ба як қатор омӯзгорон ва “Соҳибватан” ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ супорида шуд.
Ба ҳамин монанд, ба 26 хатмкунанда ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатм бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот дода шуд. Дар умум беш аз 100 корманди соҳаи маориф, омӯзгорон, собиқадорон, падару модарон ва хонандагон бо мукофоти пулии раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба 31 омӯзгори ҷавони муассисаҳои таълимӣ шаҳодатномаи замини наздиҳавлигӣ тақдим намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ