Дар Хатлон беш аз 6000 иншоот месозанд
Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сохтмони 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми августи соли 2023 дар нишасти хабарӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар 1 ҳазору 447 иншоот корҳои сохтмонӣ ба охир расидааст.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмуъ бунёди 6 ҳазору 260 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Саид аз кам будани ҷойи бозии кӯдакон ва сохтани иншоот дар ҷойи гаштугузори сокинон дар шаҳри Бохтар изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ афзуд, ки минбаъд дар шаҳри Бохтар сохтмони иншоот дар дохили биноҳои баландошёна намешавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ