Дар Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мешавад

17-18 октябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест- 2024» ва намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» баргузор мешавад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Форуми мазкур бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ доир мегардад.

Тибқи нақша дар назар аст, ки дар ин форум маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, инчунин, мулоқотҳои инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби ёддошт байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *