Дар Хатлон наваскаронро ба Артиш гусел карданд
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар “Рӯзи даватшаванда” бо иштироки садҳо наваскар ва волидони онҳо баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, гуфт, ҳимояи марзу буми Меҳан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, посдоштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як фарди бедордил мебошад. Танҳо шахси вақеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад, афзуд ӯ.
Ҳамчунин раиси вилоят изҳор дошт, ки шаҳру ноҳияҳои Норак, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба Артиш нақшаро иҷро карданд. Масъулини дигар шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо андешидани тадбири муҳим дар даҳ рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба Артиш нақшаро иҷро кунанд.
Аммо раиси вилоят аз кашолкорӣ дар иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2019 изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо аз беэътиноии масъулини соҳа, мовофиқи матлаб нагузаронидани чорабиноҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар иҷрои нақшаи маъракаи даъват ба кашолкорӣ роҳ ёфта, монегиҳои зиёд эҷод шуд,- таъкид кард вай.
Ӯ афзуд, ки дар баъзан шаҳру ноҳияҳо дар даъватҳои тирамоҳӣ ва баҳории пешин даъвати ҷавононро ба артиш то ду моҳ кашол доданд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ