Дар Хатлон содиршавии ҷиноят коҳиш ёфтааст
Давоми чор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмуъ 425 ҷиноят содир карда шудааст.
Вале содиршавии ҷиноят назар ба ҳамин давраи соли гузашта миёни наврасону ҷавонон 38 ҳолат кам мебошад.
Аз Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон маълумот доданд, ки содиршавии ҷиноят давоми чор моҳи соли 2022-юм дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Хуросон, Қубодиён, Восеъ ва Темурмалик аз шаш то ба 20 ҳолат зиёд шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ