Дар Хатлон то охири соли оянда 71 мактаб месозанд

Дар ду соли оянда дар Хатлон бунёди якбора 71 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят дар назар аст. Ҳамчунин, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити корӣ бунёди бинои маъмурии шуъбаи маориф дар чанде аз шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки бунёди ин иншоот бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми мамлакат ва саҳми Бонки Исломии Рушд дар назар аст. “Имсол дар 22 иншооти мавриди назар корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд”,- таъкид кард вай.

Ӯ гуфт, ки ҳамчунин бо маблағгузории буҷети вилояти Хатлон бунёди шаш муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар дошта шудааст.

— Баъди ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, ки охири соли 2023 пешбинӣ шудааст, норасоии ҷойи нишаст дар ин минтақаи калони кишвар пурра бартараф карда мешавад,- мегӯяд вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *