Дар хонаи тоҷик боз гази ӯзбекӣ хоҳад сӯхт?
Шояд дар наздиктарин фурсат интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Манобеи мустақил мегӯянд, ки ахиран дар манотиқи маркази Тоҷикистон озмоиши лӯлаҳои интиқоли газ сурат гирифтааст. Бархе аз сокинони ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, ки тариқи қаламрави онҳо лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ мегузарад, гуфтанд, ки масъулони идораи “Тоҷикгаз” қубурҳои газро санҷида, дастур додаанд, ки сохтмонҳои воқеъ дар болои хати лӯлаҳоро тахриб кунанд.Дар ҳамин ҳол, Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷикгаз” дар бораи омодагиҳо барои азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбекистонро изҳори беиттиилоӣ кард ва гуфт, ки дар ин мавзӯъ метавонанд танҳо дар ҳукумати Тоҷикистон рӯшанӣ андозанд. Як мақоми баландпояи бахши иқтисодӣ дар ҳукумати кишвар, ки нахостааст номаш зикр шавад, гуфтааст, ки дар ин замина “гуфтугузорҳое идома доранд ва ҳоло марҳилаи ҳисобу китоб ҷараён дорад”. Ин манбаъ аз эҳтимоли дубора шурӯъ шудани интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон изҳори умедворӣ кард, вале гуфт, ки ҳоло “наметавонад дар ин бора иттилои бештаре диҳад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ