Дар Хоруғ се рӯз сокинон табобати ройгон мегиранд
Рӯзҳои 7, 8 ва 9 июли соли равон дар шаҳри Хоруғ ба сокинон хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурусти кишвар, бо ин мақсад мутахассисони соҳаи тиб аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ фиристода мешаванд.
“Ташхис ва табобат аз рӯйи бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, занона, асабшиноси кӯдакона ва калонсол, ҷарроҳии асаб, табобати бемориҳои дил, чашм, табобати равматолог, нефролог, ҷарроҳии рагҳои хунгард, эндокринолог, табибони функсионалист, рентгеншинос, табобати урологӣ, табобати саратоншинос, табобати мамолог сурат мегирад”,-иттилоъ дод манбаъ.
Табобат аз ҷониби пизишкон ва табибон ройгон ба роҳ монда мешавад.
Сокинони ВМКБ метавонанд ба беморхонаи вилоятӣ муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ