Дар Хуҷанд аз қимати ангишт шикоят доранд
Дар шаҳри Хуҷанд болоравии арзиши ангишт сокинонро нигарон кардааст.
Ҳоло як килои ин намуди сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш 3 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба зимистони соли гузашта то 40 дирам гарон аст.
Чанде аз фурӯшандагони ангишт дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Pressa.tj сабаби болоравии арзиши ангиштро ба кам воридот шудани ин намуди сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон вобаста медонанд.
Ҳоло нархи як мошин (портер) ангишт 1300 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳамагӣ 1000 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло аз сабаби болоравии арзиши барқ дар кишвар, гароншавии ангишт, ки яке аз маводи асосии сӯхт дар фасли сармо аст, мушкилоти сокинонро дучанд мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ