Дар Хуҷанд мактаби таълимаш бо забони русӣ ба истифода дода мешавад

1-уми сентябри соли равон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимаш бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст, ки маблағгузори он Федератсияи Русия мебошад, ба истифода дода мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, сохтмони мактаби мазкур дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст. Мактаб аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми инфрасохтори таълимӣ мебошад. Дар сохтмони мактаб беш аз 300 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд МТМУ №28 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 23 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмонворидот» ва лоиҳакаш КФД «Суғдшаҳровар» мебошанд. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Алҳол дар иншооти номбурда то 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд. Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русист, созишнома ба имзо расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *