Дар Хуҷанд Маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф” ифтитоҳ шуд
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, маркази ташхисию табобатӣ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шудааст. Баробари ба истифода додани иншооти соҳаи тандурустӣ 40 нафар мутахассиси баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар фурсати муқаррашуда ба итмом расидааст. Маркази ташхисию табобатӣ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон мебошад.
Гуфта мешавад, ки иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати умумии 0,17 гектар қомат афрохтааст.
Дар Маркази ташхисию табобатии “Садаф” маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст.
Бинои навбунёди хуштарҳу замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табобатӣ, аз ҷумла лазери спикане, ки аз Ҷумҳурии Корея дастрас гардидааст, таҷҳизонида шудааст.
— Маркази муосири ташхисию табобатии “Садаф” дорои ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст мебошад. Дар бинои нав таҷҳизоти муосири тиббии дандондармонӣ, микроскоп барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ренгент барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, толори истироҳату фароғати кӯдакон ва ҳуҷраҳои кории табибон ҷойгир шудааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ