Дар Хуҷанд мусобиқа оид ба футболи хурд ҷамъбаст гардид
Дар толори Қасри варзиш мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVl уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи мазкур байни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ шуруъ аз 1-уми апрел то ба имрӯз идома кард. Дар мусобиқаи футболи хурд 6 даста дар ду гуруҳ байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби омма ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб гуфта мешавад.
Дар бозии финалии мусобиқа дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо тими футболбозони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рақобат намуда, бо натиҷаи 4 бар 2 ғолиб гардидаанд. Дар натиҷа дастаи ДДҲБСТ сазовори ҷойи якум, дастаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров сазовори ҷойи дуюм ва дастаи ДИСДДТТ сазовори ҷойи сеюм шудаанд.
— Дар анҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо Ҷом, диплому медал ва беҳтаринҳо низ бо туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ