“Дар иди “Қурбон” то 700 — 1000 сомонӣ дастархон меороем” (Видео)
Мақомоти Тоҷикистон ба сокинони пойтахт ҳушдор додаанд, ки имсол дар остонаи иди «Қурбон» дар шароити кушодани дастархони идонаи аҳолиро месанҷанд ва агар он серхарҷу бодабдаба бошад, соҳибхона то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон ба сокинони пойтахт ҳушдор додаанд, ки имсол дар остонаи иди «Қурбон» дар шароити кушодани дастархони идонаи аҳолиро месанҷанд ва агар он серхарҷу бодабдаба бошад, соҳибхона то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳад шуд. Ин ҳушдор аз он хабар медиҳад, ки дар ҳоле, харҷи зиёфати рӯзи ид муқаррар нашудааст.
Андешаи сокинон дар бораи нархи маҳсулот гуногун буда баъзеи онҳо мегӯянд, ки дар арафаи иди “Қурбон” савдогарон нархро дучанд мебардоранд. Хусусан, нархи меваҳои хушк, ки дар арафаи иди “Қурбон” харидорони бештар дорад, баланд бардошта мешавад. Боло рафтани нархи маҳсулот дар арафаи ид дар кишвар ба як чизи муқаррарӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳоле, ки мақомот дастур додааст, ки дастархони бодабдаба ва серхарҷ кушодан ин сарфакорӣ аст. Вале сокинон мегӯянд, ҳамон дастархони хоксоронае, ки дар арафаи ид мекушоем аз 1000 сомонӣ боло меафтад, зеро нархи маҳсулот хеле гарон аст. Барои кушодани як дастархони оддӣ , ки бояд танҳо дар иҳотаи хонавода ҷашнгири ба 400-500 сомонӣ рост меояд.
“Баъзе фурӯшандаҳои боинсоф арзон мекунанд, худобехабараш бошад, даҳчанд қиммат мекунад, ин ҳам танҳо ба хотири пул ба даст овардан аст”, — мегӯянд шаҳрвандон.
Вале савдогарон норозӣ ҳастанд, ки мардум онҳоро барои боло бурдани нархи маҳсулот гунаҳкор мешуморанд. Онҳо низ мегӯянд, ки вақте маҳсулотро бо нархи гарон мехаранд, чӣ гуна онро бо нархи арзон хоҳанд фурӯхт?
Иди “Қурбон” яке аз идҳои мусалмонӣ аст, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи таътил эълон шудааст. Дар ин рӯз тамоми мусалмони Тоҷикистон барои адо намудани намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки қудрати хайр кардан доранд, қурбонӣ медиҳанд.
Шарҳи бештар ва назари сокинони пойтахтро метавонед аз навори зер тамошо намоед:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ