Дар Идлиби Сурия беш аз 500 сокини осоишта ҷон бохтанд
Дар натиҷаи ҳамлаи артиши ҳукумати Сурия бо дастгирии нирӯҳои Русия ба вилояти Идлиб беш аз 500 сокини осоишта ҷон бохта, зиёда аз ду ҳазор нафар захмӣ шуданд.
Дар натиҷаи ҳамлаи артиши ҳукумати Сурия бо дастгирии нирӯҳои Русия ба вилояти Идлиб беш аз 500 сокини осоишта ҷон бохта, зиёда аз ду ҳазор нафар захмӣ шуданд.
Хабаргузории Reuters бо истинод ба Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия иттилоъ дод, ки, ҳамлаҳо ба Идлиб охири моҳи апрели соли равон оғоз шудаанд.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, низомиёни Сурияву Русия огоҳона минтақаҳои аҳолинишин ва бемористонҳоро бомборон мекунанд.
Москва ва Димишқ ин иддаоро рад менамоянд. Низомиёни Русия мегӯянд, ҷангиёни марбут ба гуруҳи террористии «ал-Қоида»-ро ҳадаф қарор медиҳанд. Москва ҳамчунин мухолифони Сурияро ба нақзи созишномаи оташбас айбдор мекунад.
Ба ҳисоби СММ, аз оғози ҳамлаҳо ба Идлиб дасти кам 300 ҳазор сокини минтақаҳои задухӯрд ба марзи Туркия кӯч бастаанд. Ҷамъан дар он минтақаҳо се миллион одам, аз ҷумла як миллион кӯдак зиндагӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ