Дар Қирғизистон аз 1 январ боҷи воридоти мошин гарон мешавад
Дар Қирғизистон аз 1 январи соли 2020 боҷи гумрукии воридоти мошин бар асоси тарофаҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ситонида мешавад, ки назар ба соли равон чандин баробар гаронтар хоҳад буд.
Барои намуна, дар ҳоли ҳозир нархи расмиёти гумрукии мошини «Toyota Camry» (соли бароришаш 2009) 1250 доллар аст ва он дар соли 2020 то ба 13 600 доллар гарон хоҳад шуд.
Қирғизистон 12 августи соли 2015 ба ИИАО шомил шуда, тайи се сол аз мошинҳое, ки ворид карда мешуданд, бар асоси тарофаҳои иттиҳод боҷи гумрукӣ меситониданд. Вале мақомоти қирғиз моҳи июли соли 2018 тарофаи соли 2014-ро барқарор карда, гуфтанд, Бишкек ҳангоми воридшавӣ ба ИИАО шарт гузошта буд, ки то 1 январи соли 2020 тарофаҳои гумрукиро худ муайян мекунад.
Пештар дар порлумони Қирғизистон ҳукумати ин кишварро барои гароншавии боҷи гумрукии воридоти мошин дар солҳои 2015-2018 танқид карда буданд. Вакилони қирғиз гуфтанд, ҳукумат ҳақ дошт, ки то соли 2020 боҷи мазкурро боло набарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ