Дар Қирғизистон хитоиҳоро бад мебинанд?

Аз моҳи декабри соли гузашта дар пойтахти Қирғизистон бори дуюм аст, ки бо талаби ихроҷ кардани шаҳрвандони ғайриқонунии Чин аз ин кишвар тазоҳурот баргузор мешавад.

Бори аввал фаъолони қирғиз рӯзи 20-уми декабр дар муқобили сафорати Чин дар Бишкек тазоҳуроти сулҳомез карданд. Дар ин тазоҳурот талаб карданд, ки дар муддати 30 рӯз шаҳрвандони Чинро, ки ба таври ғайриқонунӣ будубош доранд, аз кишвар ихроҷ кунанд. Инчунин, барои тафтиши соҳиби шиносномаи Қирғизистон шудани шаҳрвандони хориҷӣ комиссия ташкил шавад. Талоши дувум, ки таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард, 7-уми январ аз сӯи фаъолон роҳандозӣ шуд. Ҳудуди 300 нафар дар майдони марказии шаҳри Бишкек талаб карданд, ки ба чиниҳо шаҳрвандӣ дода нашавад. Даъватҳо барои ба тазоҳурот ҳозир шудан тавассути паёмрасонҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми январ дар мулоқот бо сокинони вилояти Чуй назари худро мавриди руҳияи зиддичинӣ иброз дошт. Сардори давлат аз чиниҳо пуштибонӣ кард ва ҷанбаҳои мусбати равобит бо Чинро зикр намуд. “Чин ҳамсояи мост. Гузаштагони мо гуфтаанд, ки бо ҳамсоя бояд муносибати хуб намуд. Онҳо ба мо маҳз ҳамин гуна муносибат мекунанд, бурсияҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки зарур аст, қарз медиҳанд. Ин қарзҳо чӣ гуна ба масраф мерасанд? Ин мушкили дохилии мост. Мушкили мансабдорон ва онҳоест, ки дар ҳокимияти давлатӣ ҳузур доранд. Мо бояд ба онҳо барои қарзҳо ташаккур бигӯем”, -афзуд Ҷээнбеков. Ба ҷуз ин, президент  таъкид кард, ки давлат ҷараёни муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷиро назорат мекунад, иғвоандозӣ ва сару садоҳо кори нерӯҳои дохилӣ мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *