Дар Исфара порахӯрон ҷазо намегиранд?
Котибаи чопкунандаи додгоҳи шаҳри Исфара Муаттар Холиқоваро рӯзи 25 ноябр ҳангоми аз номи раиси суд гирифтани 500 доллар пора дастгир карданд. Вале бо гузашти чанд рӯз ин парвандаро алакай «тинҷ” кардаанд ва Муаттар Холиқова ба кори худ дар суд идома медиҳад. Як котиби дигари суди Исфараро ба дунбол бо 100 доллар пора дастгир кардаанд.
Суди шаҳри Исфара дар рӯзҳои охир бо сели ҷанҷолҳои коррупсионӣ рӯбарӯ шудааст.
Рӯзи 25 ноябр котибаи чопкунандаи суди шаҳри Исфара Муаттар Холиқова аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир гардид. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, Холиқова аз номи раиси суд барои ҳалли зудтари як парвандаи оилавӣ 500 доллар пора гирифта буд. Дар иваз ӯ ваъда додааст, ки судя як санади ақди никоҳро бе додани мӯҳлат ба зану шавҳаре, ки бояд ҷудо шаванд, бекор мекунад.
Чанд рӯз баъди ин боз як котиби дигари суди шаҳри Исфара ҳангоми гирифтани 100 доллар пора барои ҳалли як парвандаи маъмурӣ ба даст афтод. Азбаски 100 доллар маблағи калон нест, ин парвандаро сари вақт «ҳал” карданд ва котиб бидуни онки ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад, бо хоҳиши худаш аз кор рафт ва масъала ҳал шуд.
Аммо бино ба хабарҳои дарёфтӣ, қазияи аз номи раиси суд 500 доллар пора гирифтани котибаи чопкунанда Муаттар Холиқова низ ба ҳамин шакл бо миёнаравии раиси суди Исфара Тоҷиддин Миралӣ Ҳафиззода «тинҷ” карда шудааст.
Дар ҳар сурат, Муаттар Холиқова алакай ба сари кор баргашта, ба фаъолияташ дар суди шаҳри Исфара идома медиҳад.
Ҳамсӯҳбатони сомонаи «Ахбор” дар Исфара мегӯянд, азбаски дар қазия номи раиси суд ҳам матраҳ буд ва котиба аз номи ӯ пора талаб карда буд, ин ба обрӯи Ҳафиззода метавонист латма бизанад ва аз ин рӯ, раиси суд тамоми нуфузашро ба кор бурд, ки қазия калон нашавад.
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар гузоришҳои мақомоти расмии ин кишвар дар радифи фасодтарин ниҳодҳои давлатӣ ном бурда мешаванд. Аз порахӯрии судяҳо чандин бор худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба шиддат интиқод карда, дар ин авохир чандин судяро ба далелҳои манфии«паст задани шаъну эътибори судя” ва «риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз мақомҳояшон барканор ҳам кард.
Аз ҷумла моҳи июн судяи суди ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён ва моҳи январ Ғайбулло Мирзозода аз мақоми раиси додгоҳи ноҳияи Нуробод «бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, озод карда шуданд. Қурбониён баъдан ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳамин тавр, дар моҳи августи соли 2016 Искандар Саидзода аз мақоми додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ва Хуршед Сангинзода аз мақоми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо айни далели «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” тарки мақом карда, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Халил Холиқзода «бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст” бо фармонҳои раисиҷумҳур барканор карда шуданд.
Искандар Саидзода, ки дар фармони барканориаш ба ҷуз аз паст задани шаъну эътибори судя «риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” низ гуфта мешуд, баъдан дар моҳи октябри соли 2016 бар асоси моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятӣ (порахӯрӣ) ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми боздошти Саидзода дар моҳи июн гуфта буд, ки ин додрас дар маҷмӯъ ба гирифтани 111 ҳазор доллар пора айбдор мешавад.
Раиси додгоҳи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Сангинзода моҳи августи соли 2016 аз сӯи Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми гирифтани 2 ҳазор доллар пора дастгир шуд. Сангинзода барои «ҳалли қазия” ба кормандони Агентии зиддифасод 50 ҳазор доллар пешниҳод кардааст, ки ин боиси ба айбномааш дар қатори порахӯрӣ илова шудани боз иттиҳоми додани порадиҳӣ шуд.
Тоҷикистонро дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори кишварҳои аз ҳамаи фасодзадаи дунё ном мегиранд. Шикоятҳо дар мавриди фасод бахусус аз кормандони мақомоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз додгоҳҳои кишвар хеле зиёд аст. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ моҳи январ дар нишасти Агентии мубориза бо коррупсия мақомоти додгоҳиро яке аз фасодзадатарин ниҳодҳо дар ин кишвар ном бурд ва гуфт, «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, ..дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.”
Дар додгоҳҳои Тоҷикистон тақрибан 500 додрас кор мекунанд.
Бознашр аз “Ахбор”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ