Дар Ишқобод муҷассамаи саги алобой бунёд мешавад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки дар пойтахти кишвараш муҷассамаи саги навъи алобой гузошта шавад.
Бердимуҳаммадов дар ҳоле ин дастурро дод, ки рӯзи 6 ноябр аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Ишқобод ошно мешуд. Ба навиштаи расонаҳо, баландии муҷассама 15 метрро ташкил хоҳад дод.
Дар Туркманистон сагҳои навъи алобой ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябр китоберо бахшида ба алобой таълиф ва интишор кард. 13 сентябр вай шеъреро низ бахшида ба алобой дар ҷаласаи ҳукуматӣ қироат кард.
Расонаҳои расмии Туркманистон мегӯянд, ин муҷассама моҳи июли соли 2020 такмил хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Ишқобод як муҷассамаи алобой мавҷуд аст. Муҷассамаи саги алобой бо номи «Бовафо» моҳи декабри соли 2017 пардабардорӣ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ