Дар ишқи марди зандор шӯгадо шудам

Ман яке аз хонандагони ҳамешагии  сомонаи  “Tajikistantimes.com”ҳастам ва маводҳои таъсирбахши ин сомонаи машҳурро мехонам. Имрӯз ба хулосае омадам, ки саргузашти талхамро менависам, то ба дигар хонандагон дарси ибрат шавад ва ҳеҷ гоҳ хатои тақдирсӯзи маро дар зиндагӣ такрор накунанд!

13 сол аст, ки ман ҳамроҳи падару модарам дар мулки рус зиндагӣ мекунам. Соле танҳо як маротиба ба Ватан ба аёдати хешу табор омада, чанд вақт дар Тоҷикистони азиз меҳмон мешавем ва як ё ду моҳ пас ба Русия бармегардем. Дар ғарибӣ одам ба дидори ҳамватан зор мешудааст, чашмат, ки ба тоҷике афтид, кони зар ёфтагӣ барин хурсанд мешавӣ. Мани сода низ ҳамшаҳрӣ гуфта ба Диловар ном тоҷикбача дил бастам ва бехабар аз макри ин ҷавони духтарбоз диламро рӯйи кафҳояш ниҳодам. Мо зуд ба ҳам унс гирифта, аҳди ишқу ошиқӣ бастем. Диловар дар як мағоза кор мекард ва мани аз ишқи ӯ Лайлии сонӣ гашта қариб ҳар рӯз чизеро баҳона карда ба наздаш  мерафтам. Рӯзе як дугонаамро ҳамроҳам ба мағоза бурдам. Ошиқи абрӯсиёҳи маро дида дугонаам лаб газид ва дар бозгашт сар ҷунбонда гуфт: “Ҳушёр шав, ки фиреб нахӯрӣ дугонаҷон, ба назарам ин ҷавон зандор барин метобад!” Мани беақл гумон кардам, ки дугонаам ба Диловар ошиқ шудаасту мехоҳад моро ҷудо карда, бахти маро соҳибӣ кунад, вале…

Аз байн чанд вақт гузашту Диловар бедарак шуд. Кофта-кофта рӯзе ба хонааш рафтам. Дарро ба рӯям як ҷавонзани зебо кушода пурсид:

-Ба шумо кӣ даркор?

Гаранг шуда чӣ гуфтанамро намедонистам, ҳамин дам худи Диловар пайдо шуд ва маро дида рангаш канд. Мехостам худро шинос кунам,  аммо ошиқи маккорам пешхезӣ намуда гуфт:

-Ин духтарак дар мағоза ҳамроҳи мо кор  мекунад. Аз афташ шеф ӯро фиристодааст, ки маро ҷеғ занад.

Ҷавонзан  кунҷковона аз нӯги по то фарқи сари маро аз назар гузаронд ва лабашро бурма карда ба ошхона даромаду Диловар курткаашро пӯшида аз паси ман баромад. Раҳораҳ кӣ будани он занро аз ӯ пурсидам. Иқрор шуд, ки ҳамсараш асту онҳо ду фарзанд доранд. Аз ӯ рӯй гардонда қариб як моҳ ба зангҳои телефониаш ҷавоб надодам, вале ошиқи шилқинам ҳеҷ маро ором нагузошта, гаштаю баргашта паёмак мефиристод ва қасам болои қасам мехӯрд, ки занашро дӯст намедораду танҳо ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ бо ӯ зиндагӣ карда истодааст, зеро ҳамсараш духтари аммааш аст. Дубора ба доми ин марди маккор афтида розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам. Дугонаам маро насиҳат карда мегуфт, Мадина, ту духтари безеби дар кӯча мондагӣ нестӣ, садҳо ҷавон туро талабгоранд, бахти зани дигарро дуздида,  худатро як умр бадбахт накун, вале ба гӯши мани ошиқи шайдо панду насиҳат намедаромад. Диловар се бор ба хонаамон хостгор фиристод, вале падару модарам зан доштанашро фаҳмида рад карданд. Худамро ба девонагӣ зада таҳдид намудам, ки агар маро ба Диловар надиҳанд, аз хона баромада меравам. Волидонам аз тарси бадномӣ маро ба Тоҷикистон оварданд ва ба як ҷавони бообрӯ ба шавҳар доданд. Шавҳарам корманди бонк аст ва чизеро барои ман дареғ намедорад. Зиндагии шоҳона дорем, вале бо ин ҳама дороӣ худро бадбахттарин зани дунё эҳсос мекунам. Шавҳарам на бо зару зевар дили маро ёфта тавонист, на бо бриллиант ва мошинҳои гаронбаҳо, зеро дар ин хонаи вайрона ишқи марди дигар маъво дорад. Аз шавҳарам пинҳонӣ ба Диловар занг зада хуморамро мешиканам. Як рӯз ҳамсараш гӯшакро бардошта бо ман ҷанҷол кард ва маро “беваи шӯгадо” гӯён, таънаю маломати бисёре намуд. Ишқи ин марди зандор дар ҳақиқат маро шӯгадо кардааст ва мехоҳам бо кадом роҳе, ки набошад, Диловарро аз занаш ҷудо карда бигирам. Сарҳисоби зиндагиро гум кардаам, намедонам сарамро ба кадом девор занам. Хонандагони сомона, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Мадина, аз ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *