Дар Искодар 15 оила соҳиби хонаи нав мешаванд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони хонаҳо дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ шинос шуд.

“Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, намояндагии Агентии захираҳои модди назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, шабакаҳои барқ, Раёсати ҳолатҳои фавқулода, ташкилоту идораҳо дастур дод, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин хонаҳо бунёд ва ба зарадидагон супорида шавад”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар чандин манзили зист пурра ва қисман хароб гардид.

Ҳамчунин, сел ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарар расонида  буд.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида дар мавзеи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо гардида, барои 15 оила сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шуруъ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *