Дар Ҳисор ҷинҳо ба одамон ҳуҷум карданд? (Аксҳо)

-Рустам ист! Ба куҷо шитоб дорӣ?
-Э вақтамро нагиред апа, ба кор дер карда истодаам…

-Ҳар саҳар даромада чақ-чақ мекардӣ, имрӯз туро чӣ ҷин зад, ки ҳатто салому алейкро нася гузошта, аз назди мағозаи мо дав-давон гузашта рафта истодаӣ,-гила кард апаи Сурайё, ки дӯсти деринаи банда аст.

-Илтимос, хафа нашавед, охир соат аллакай 8 шудааст. Дар ин вақт ман бояд дар паси мизи кориам бошам. Ба кор дер монда истодаам, метарсам, ки Нисо (сардори шуъбаи кадрҳо) дар сарам чормағз мешиканад.

-Эй бачаи гаранг, агар фаҳмӣ, ки ман дар бораи чӣ гап мезанам, ҳама кору боратро як сӯ гузошта, ба гапам гӯш медиҳӣ, вале… Аслан на ман, балки худи ту бояд аз паси таҳқиқи ин масъала мешудӣ, чунки ин вазифаи шумо, журналистон аст…

-Апаи Сурайё, илтимос шаф-шаф накарда шафтолуи гапро гӯед…

-Дар Ҳисор ҷин пайдо шудааст. Ин махлуқҳои ноаён дару девори мардумро сангборон карда, ҷони одамонро ба лабашон оварда истодаанд…

-Шумо хато фаҳмидаед, дар Ҳисор не, дар Восеъ ҷинҳо дару тирезаҳои хонаи одамонро сангборон мекунанд. Ҳафтаи гузашта дар сомонаҳо дар ин бора навишта буданд…

-Дар Восеъ ҷин пайдо шудааст ё не, намедонам, вале ман аз забони чандин касон шунидам, ки дар Ҳисори худамон, дар болои канал дар қишлоқҳои Кӯчабоғ ва Сохтмончиён махлуқи бадвоҳимае пайдо шудааст ва одамон аз тарси ин ҷондор шабҳо хоб надоранд. Мастура ном зане, ки дар паҳлӯям савдо мекунад, гуфт, ки се шаб боз ҷинҳо дару тирезаҳоро сангборон мекунанду баъзеҳо аз тарс бачу кач ва кӯчу бандашонро гирифта, баромада рафтаниянд….

-Наход ба ҳамин гапҳо бовар кунед-а?! Э раведе, ман шумоя одами солимақл гумон мекардам,-гуфта ба сӯи апаи Сурайё даст афшондам ва роҳамро идома додам, вале…

 

Ҷин ё зоғи одамшакл?

 Хурду калон аз паси кору бори худ шитоб доштанду дар истгоҳ ба қавле замин кафида одам баромада буд. Бо сад азоб ба маршруткае, ки ба самти Душанбе равон буд, нишастам. Нав нафасамро рост карда будам, ки садои зане баланд шуд:

-Ягон кас аз қишлоқҳои болои канал ҳаст?

Ҷавони гандумгуни лоғарандоме, ки дар ақиб нишаста буд, овоз дод:

-Ман аз болои канал, чӣ мехостед хола?

-Рост аст, ки дар деҳаи шумо як махлуқи бадвоҳима пайдо шуда, одамонро талхакаф карда истодааст?-Пурсид зани газгӯште, ки дар курсии пушти ман нишаста буд.

-Шунидам, вале бо чашмони худам надидам, холаҷон.

-Ман ҳам дирӯз аз забони як ҷӯгизан шунидам, ки дар қишлоқи онҳо ҷин пайдо шудааст ва бому дарашонро сангборон карда истодааст,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд зани дигаре, ки нисбатан ҷавон буд.

Пас аз ин баҳсу мунозира дар бораи ҷинҳо чунон авҷ гирифт, ки то ба Душанбе расидан хомӯш карданаш ба ман ва як ҷавони дигар, ки аз афташ донишҷӯ буд, муяссар нагашт. Мусофирон ба ҳамдигар навбат надода дар бораи махлуқи ноаёне гап мезаданд, ки ба одамон ҳуҷум карда, аз кори кардааш худ лаззат мебарад. Яке мегуфт, ки махлуқ зоғи одамсурат буда, болҳои калон-калон дорад, дигарӣ онро ба одами барфӣ монанд мекард, саввумӣ мегуфт ғули пашмин ё ҷин аст….

Хуллас, то ба шаҳр расидан сифоти он махлуқи ноаёнро шунида, ин гап дар майнаи ман низ ҷо шуд ва баробари ба идора расидан онро ба ҳамкоронам нақл кардам. Яке шояд ҳақиқат бошад мегуфту дигарӣ даст меафшонд, ки ин гапҳо ҳамааш афсона аст…

Дар айни баҳсу мунозираи мо сармуҳаррир аз дар даромад ва мавзӯи суҳбатро фаҳмида, рост ба чашмонам нигаристу гуфт:

-Вазифаи журналист ба овозаҳо гӯш кардан не, таҳқиқ намудан аст, агар метавонӣ рав, одамонеро ёб, ки ҳамон махлуқро бо чашми худашон дидаанд. Назари кормандони мақомотро бипурс, бо олимон суҳбат намуда хоҳиш кун, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд, бо уламои дин ҳамсуҳбат шав, ана он гоҳ навис, вале аз дастат намеомада бошад, ин қадар ҷину аҷинаю зоғу махлуқ гуфта, вақти ҳамаро беҳуда нагир. Бе ҷину аҷинаҳои ту ҳам кор аз мӯйи сарамон биёр аст…

Ин гапи сармуҳаррир ба ман сахт расид ва қарор додам, ки ҳатман аз паси таҳқиқи ин масъала мешавам. Мақсадамро ба Маҳинаи Давлат гуфтам. Пас аз каме андеша кардан Маҳина розӣ шуд ва рӯзи дигар мо дукаса роҳи Ҳисорро пеш гирифтем…

Мардум чӣ мегӯянд?

Баробари ба Ҳисори шодмон расидан аввалин коре, ки кардем, ба бозор даромадан буд. Шояд хонандагони азиз гумон кунанд, ки мо аз тарси ҷинҳо бронижелет харида, баъд ба болои канал рафтаем, вале дар асл чунин нест. Ҳадафи мо аз даромадан ба бозор бо баҳонаи харид кардан фаҳмидани андешаҳои мардум буд. Вақте аз ҳуҷуми ҷинҳо гап кушодем, яке аз савдогарони бозор, ки Марҷона ном доштааст, сар ҷунбонда гуфт:

-Мо ҳам  аз ин овозаҳо хабар дорем. Диламонро он қадар ваҳму воҳима гирифтааст, ки шабона ба берун баромадан метарсам…

-Келинамон, ки дар қарибиҳои ҳамон қишлоқ зиндагӣ мекунад, нақл кард, ки мардуми деҳаи Сохтмончиён аз тарсу ҳарос шабона дар болои бомҳо хоб  мераванд. Ҳамон ҷондор дару тирезаҳоро сангборон карда, онҳоро сахт тарсондааст,-гуфт савдогари дигари бозор.

-Шакли он махлуқ чӣ гуна будаааст?-Кунҷкобӣ намудем мо.

-Мегӯянд, ки қадаш пастакак аст, вале рафта -рафта калон мешавад. Ҳама ҷояш сип-сиёҳ будааст,  ҳатто дасташ,-гуфт он зан, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд. (сабташ дар идора маҳфуз аст)

Дар деҳаи ҷинзада

Сокинони Сохтмончиён ва Кӯчабоғ аслан қавми лӯлӣ буда, солиёни дарозест, ки дар Ҳисор зиндагӣ мекунанд, аммо ин бори аввал аст, ки дар бораи ҳадафи ҳамлаи ҷинҳо қарор гирифтани мардуми ин деҳаҳо овоза ва сару садоҳо паҳн гашта, мардумро ба таҳлука овардааст.

Моро ба деҳаи Сохтмончиён ҳамноми банда, ҷавони хушчақ-чақи сабзина-Рустам роҳбаладӣ намуда, ба хонае бурд, ки аз рӯйи овозаҳо ҳамин шаб ҷинҳо онро сангборон карда буданд. Дар рӯи ҳавлӣ занону духтарон ва кӯдакони зиёде нишаста буданд. Вақте  аз онҳо рост ё дурӯғ будани овозаҳоро пурсон шудем, ҳама бо як овоз гуфтанд:

-Аз тарсу ҳарос мо шабона берун баромада наметавонем. Аз намози шом мо, занону кӯдакон дару деворамонро маҳкам карда, ларзида мешинем, мардҳоямон бошанд, то саҳар  дар кӯчаҳо мегарданд, то ки ҳамон махлуқро дастгир кунанд, вале наметавонанд.  Дар болои боми хона санг мезананд. Саҳар мехезем, ки рӯйи ҳавлӣ пури санг аст. На танҳо мо, одамон, балки гову моламон ҳам аз ин сангзанӣ девона шуда, бо тамоми овоз баъос мезананд. Занҳои калонсол мегӯянд, ин ҷин аст. Қадаш пасти сиёҳтоб. Барои қапиданаш мардҳо чанд бор ба болои бом баромада хоб карданд, лекин ягон чизро надиданд. Метарсем, ки фарзандонамон зери сангборон намонанд, барои ҳамин дар болои кат нишаста, чой наменӯшем….

-Шояд касе бо мақсади дуздӣ ба боми хонаҳо санг зада, мардумро ба таҳлука меорад, то аз нооромӣ истифода бурда, хонаҳоро ғорат кунад?

-Не, агар дузд мешуд, то имрӯз чизу чораи мардум гум мешуд, вале аз хонаи ягон кас ягон чизро набудааст. Дуздӣ несту лекин нооромӣ дар саросари деҳа ҳукмрон буда, мардумро сахт ба таҳлука овардааст…

Раиси маҳалла:

Навбатдор мондем

Бегназаров Қаҳҳор, раиси  маҳаллаи Сохтмончиён, мегӯяд муддати як ҳафта мешавад, ки сару садоҳо дар бораи пайдо шудани ҷин ё махлуқи дигари бадвоҳима дар байни мардум паҳн гаштаанд ва онҳо барои дастгир кардани гунаҳкори ин ҳама шӯру мағал навбатдорӣ ташкил кардаанд. “Ҳар шаб аз намояндагони деҳа, шуъбаи милитсия даҳ нафарро навбатдор мегузорем, то саҳар мегарданд, вале то имрӯз ягон чизро надидаанд. Гумон мекунам, ки овозаҳо асос надоранд…”

Ҳангоми суҳбат бо раис ба гӯши мо овозаи дигар расид, ки ҳамин саҳар дар деҳаи Кӯчабоғ ҷин ба як ҷавонзан ҳуҷум карда, осеби ҷисмонӣ расонидааст. Барои таҳқиқи овозаи навбатӣ мо роҳи деҳаи Кӯчабоғро пеш гирифтем.

Шаб хобу рӯз ором надорем

Вақте аз деҳаи Сохтмончиён ба деҳаи Кӯчабоғ расидем, қад-қади кӯча занҳову духтарони зиёдеро дидем, ки кӯрпаю гилемҳояшонро  бароварда, дар рӯйи роҳ нишаста буданд ва суҳбат танҳо сари як мавзӯъ буд-ҷинҳо! Сокинони деҳа журналист будани моро фаҳмида, ҳама бо як овоз ба шикоят сар карданд:

-Аз тарс дар хона нишаста наметавонем, худоё, ин чӣ рӯз аст, шаб хоб  нест, рӯз хоб нест, охирин маротиба кай баҳузур дар сари дастурхон нишастанамонро дар хотир надорам. Намедонем ин чӣ бало аст, ки мо, одамонро сангборон карда, гову гӯсфандонро ҷиннӣ мекунад. Кунҷковона пурсидем:

-Чаро шумо аз он махлуқ ин қадар метарсед, магар бисёр калону бадҳайбат аст? 

-Одамҳои дидагӣ мегӯянд, ки дар аввал он махлуқ майдаҳаки пашмӣ аст, вале якбора калон шуда, қадаш аз ду метр баланд мешавад,-гуфт яке аз сокинони деҳа, ки аз зикри ному насабаш худдорӣ намуд.

-Он махлуқ чӣ аст: зоғи одамшакл, одами барфӣ, ғул ё чизи дигар?

-Ҷин аст, ҷин, дигар ягон чиз нест,-гуфтанд сокинони деҳа бо як овоз.

Махлуқ аз даруни коҳ баромад

Бо роҳбаладии марди тақрибан 50- солае, ки ҳар замон лаб мегазид, мо ба хонаи ҳамон зане раҳсипор гаштем, ки субҳ аз дасти махлуқи номаълум зарари ҷисмонӣ бардошта буд. Одамони зиёде дар атрофи зани ҷабрдида ҷамъ шуда буданду ҷавонзан бо чашмони ашколуд ҳодисаро нақл мекард:

-Саҳар чун ҳарвақта ба оғил рафтам, то ки молу ҳолро хабар гирам. Гов бастагӣ буд ва дар он тарафаш бастаи коҳ меистод. Сатилро гирифта хостам ба гов об диҳам. Ҷин дар даруни коҳ будааст. Якбора аз пушт ба гарданам часпид ва рӯямро ханҷол зад. Аз  тарс бо тамоми овоз дода зада аз ҳуш рафтаам. Дигарашро дар хотир надорам…

Рӯйи зан дар ҳақиқат харош ёфта, хуншор гашта буд. Ба назар чунин мерасид, ки бо касе часпу талош кардаасту ҳарифаш бераҳмона ба рӯйи зан ханҷол задааст. Писари қадраси зани ҷабрдида, ки модарашро дар оғил беҳушу бе ёд пайдо карда, одамонро ба ёрӣ ҷеғ задааст, чунин гуфт:

-Вақте ки овози модарамро шунида тозон ба оғил даромадам, модарам аллакай аз ҳуш рафта афтида буд. Сиёҳии азими бадвоҳимае дар бари девор рост истода буд. Вақте дод задам, он махлуқ хазида ба девор часпид ва дар як дам аз назар нопадид гашт. Ба куҷо гурехт, намедонам…

-Пеш аз ин ҳамон махлуқ ягон бор ба хонаи шумо даромада буд?

-Дар борааш шунида бошем ҳам, пештар ягон бор он махлуқро бо чашми худамон надида будем. Як моҳ пеш дар байни мардум овозаю миш-мишҳо пайдо шуда буданд, ки дар лаби дарё як сиёҳии бадвоҳима пайдо шудааст. Ҳамон сиёҳӣ акнун ба хонаҳои одамон даромада ба мардум ҳуҷум карда истодааст. Дар як шаб чанд хонаро сангборон мекунад. Як ҳамсояи дигарамон ҳам он махлуқро бо чашми худаш дида будааст. Бечора талхакаф шуда, шаш соат гунг шуда монд. Танҳо баъди дуохонӣ кардан ба гапзанӣ даромад…

 Ҷинҳо аз милиса метарсанд?

— Шаби гузашта 4-5 мошин милисаҳо омада, чанд соат дар гирду атрофи деҳа гаштанд. Вақте онҳо буданд, деҳа ором буд, вале баъди рафтанашон як санг омада ба тирезаи хонаи мо зад ва оинааш шикаст.  Духтарам хоб буд, як санг ба пушти сараш зад. Аз тарс имрӯз ӯро ба мактаб рафтан намондам,-қисса кард зани дигар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд.

Ба ақидаи ин зан сангҳое, ки он махлуқи бадвоҳима ба дару девори мардум мезанад, сангҳои дарёӣ ҳастанд ва эҳтимол он ҷонзод дар даруни об зиндагӣ мекунаду шабона бо мақсади шикор ба кӯча баромада, одамонро метарсонад…

Ба дузд монанд нест, вале…

Сокини дигари ин деҳа, Расули 45- сола, ки келинаш бо “сиёҳии бадафт” рӯ ба рӯ шудааст, мегӯяд:

-Дузд гӯем, ба дузд монанд нест, чунки дар рӯзи равшан ба хонаҳои мардум медарояд ва он қадар нотарс аст, ки бе корду камон ба одамон ҳуҷум мекунад. Як рӯз бошад, ду рӯз бошад, охир қариб 10 рӯз шуд, ки ҷони сокинони як деҳаи калонро ба лабашон овардааст. Ҳар рӯз санг мепартояд, ҳамла мекунад. Зиндагии орому хоби бароҳат надорем аз дасти ин махлуқ. Кӣ ба доди мо мерасад?

 Ҳамла дар ҳоҷатхона

Сокини дигари деҳа Сироҷиддин мегӯяд чанд рӯз пеш модари ӯ низ бо ҷин рӯ ба рӯ гашта, сахт тарсида буд.

“Вақте модарам ба ҳоҷатхона медарояд, махлуқ аз пушти сараш ба мӯяш чанг мезанад. Модарам талхакаф шуда, гунг шуда мондааст. Хайрият, ки ҷиянчаи чорсолаам ҳамроҳи модарам баромада буд. Вақте кӯдак дод зад, ҳамаамон ба таҳлука ба берун давидем. Садои доду фарёдро шунида, ҷин мӯйи сари модарамро сар дода, аз сари девор гурехта рафтааст. Аз рӯи гуфти модарам қадаш қариб ду метр ва сип-сиёҳ аст. Дар пояш мӯзаҳои аскарӣ (бертси) доштааст…

Фарзона Алиқулова:

Ба хонаҳои бе мардина медарояд

Фарзона Алиқулова, модари ду фарзанд буда, дар бораи ба хонааш зада даромадани “ҷин” чунин қисса кард:

— Шахсан ман як не, ду маротиба ҳамон сиёҳиро дар ҳавлиамон дидам. Ҳайратовараш он аст, ки танҳо ба хонаи бе мардина медарояд. Дар хонаи мо айни ҳол мард нест, се зан ва се кӯдак танҳо мехобем. Барои эҳтиёт шабҳо дар пушти дар таёқ гузошта хоб меравам. Се шаб пеш ҷин ба хонаи мо ҳам даромад. Нав худашро ба бари тирезаи хона рост карда буд, ки чашмам ба вай афтид. Дар танаш як либоси сиёҳи дарозу дар пояш пойафзоли сиёҳ (БЕРЦ) дошт. Кӯдаконро ба хонаи дигар гузарондаму духтари амакамро таъкид кардам, ки ба берун набароянд. Худам таёқро ба даст гирифта, биё гуфтам, вале тарсида ба хона надаромад. Ба берун баромадам, то ки очаи зори ҷинро дар чашмаш нишон диҳам. Ҳамин вақт додарам аз куҷое пайдо шуд. Намедонам ҷин буд ё одам, ҳар чизе, ки буду набуд, ҳамон сиёҳпӯш ҷонҳавл худашро ба болои девор гирифта рӯ ба гурез овард. Дигар ҳар қадар кофтем, ному нишонашро наёфтем…

 Ғул мӯза мепӯшад?

Аз гуфтаҳои Сироҷиддин, Фарзона ва чанд сокини дигари деҳа, ки мегӯянд, ғул дар пояш мӯзаи аскарӣ ва дар дастонаш дастпӯшаки чармин дорад ва рӯяшро бо ниқоб пӯшонда мегардад, чунин бармеояд, ки дар деҳа айни замон ду тоифаи ҷинҳо амал карда истодаанд. Як тоифа ҷин ё махлуқҳои аз олами ғайб омада, ки вуҷуд доштан ё надоштанашон муаммост ва тоифаи дигар-ҷинҳои мӯзапӯш. Кистанд ин ҷин ё ғулҳои дупо, ки аз бесару сомониҳои дар деҳа бар асари тарсу ҳарос аз ҷин пайдошуда истифода бурда, шабу нимашаб ба хонаҳои одамон зада медароянд ва мардумро бештар ба таҳлука меандозанд? Ба ин савол бояд ҳомиёни қонун посух биҷӯянд, мо бошем тадқиқоти худро идома дода, ба гуфтаҳои дигар сокинони деҳа гӯш меандозем.

Як чизи сиёҳи қадпаст буд…

Фарзона хост ҳодисаро бо тафсил нақл кунад ва мо ният доштем, ки ба манзили ӯ даромада, ба кадом самт фирор кардани он ҷини дупоро, ки хонаҳои бе мардро мавриди ҳамла қарор медодааст, муайян созем, вале диққатамонро издиҳоми мардум, ки занеро гирд карда, бо овози баланд баҳсу мунозира доштанд, ба худ кашид. Наздиктар рафта занеро дидем, ки тифли ширмак дар бағал оби дида мерехт.

-Ба шумо чӣ шуд? Магар ҷин ҳамла кард?-Пурсидем аз ҷавонзан.

Зан бо садои гиряолуд гуфт:

-Ҳамла накард, лекин ӯро аз қафояш дида, талхакаф шудам. Фақат ман танҳо надидам. Духтари амакам низ дидааст, аз тарс қариб мурда буд.

изи дидаатон ба одам монанд буд ё ба ягон махлуқи дигар?

-Одам набуд. Намедонам чизи дидагиамро ба кадом ҷондор ташбеҳ диҳам. Як чизи майдаи сип–сиёҳи қадаш пастак буд.

Шояд шағол, рӯбоҳ ё ягон ҳайвони дигар бошад?

-Аниқ медонам, ки ҳайвон набуд. Аз рӯйи шаклаш ҷин барин аст.  Метарсем, ки ба хонаҳоямон дароем. Гуруснаю ташна 10-15 нафарӣ ҷамъ шуда мешинем, ки мабодо ҳамла накунад. Ҳаёти ором надорем…

 Раис чӣ мегӯяд?

Вақте дар кӯчаҳои деҳаи Кӯчабоғ маълумот ҷамъ мекардем, дар назди мактаби деҳа намояндагони ҷамоати деҳот, нозирони минтақавӣ ва дигар роҳбарони маҳаллӣ ҷамъ омада буданд. Дар суҳбати кӯтоҳ  Диловаршоҳ Мунавваров, Раиси ҷамоати “Сомон”  ба мо чунин гуфт:

-Ин овозаҳо ягон асосӣ воқеӣ надоранд. Айни ҳол мо намояндагони ҷамоат бо сокинони деҳа ҷаласаи таъҷилӣ гузаронида истодаем. Хоҳиш мекунам, ки ба овозаю ҳангомаҳо бовар накунанд…

Рустам Азимӣ
Маҳинаи Давлат

 Р/С Аз идора

Ҷинҳо далертар мешаванд?

Вақте ки маводро ба чоп омада менамудем, ба гӯшамон овозае расид, ки ҷинҳо доираи фаъолияти худро васеътар карда, дару девори сокинони боз ду деҳаи дигарро сангборон карда истодаанд, аммо ин сару садоҳо то куҷо асос доранд, айни замон барои мо муаммост. Хонандагони азиз, дар шумораҳои навбатии ҳафтанома мо ба ин мавзӯъ баргашта, андешаи олимону мутахассисонро пешкаши шумо мегардонем. Бо мо бошед!

(Сабти тамоми суҳбатҳо дар идораи ҳафтанома маҳфуз аст.)

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *