Дар Истаравшан амма ҷиянро кушт

 Хабари дар Истаравшан гум шудани як кӯдаки якунимсола барқсон дар саросари Вилояти Суғд паҳн гашта, тамоми мардум, хоса модаронро сахт ба изтироб овард. Овозаҳо дар бораи ин ҳодиса бисёр буданд, яке мегуфт, ки духтарчаро кӯдакдуздон рабудаанду шояд ба хориҷа бурда мефурӯшанд, дигарӣ тахмин менамуд, ки шояд падари тифлак ягон душмани ғаддор доштаасту ба хотири қасд гирифтан фарзандашро дуздидаанд, саввумӣ иддао мекард, ки ҳамааш айби модараш аст, аз афташ бепарвоӣ намудаасту бача беназорат монда ба об афтидааст. Хуллас, ҳар кас ба гумони худ чизе мегуфт ва сару садоҳо дар бораи ин ҳодиса торафт зиёдтар мешуданд. Занҳои кӯдакони ноболиғ дошта аз тарси “бачадузд” дигар фарзандонашонро ҳатто як лаҳза беназорат намегузоштанд, вале…

Ҷасадро аз куҷо ёфтанд?

Рӯзи дигар кормандони милиса ҷисми бе ҷони духтарчаи гумшударо ёфтанд. Аз ягон ҷойи дигар не, аз манзили худашон пайдо шудани ҷасади тифлак сару садоҳои навро ба миён овард. Бархе мегуфтанд, ки духтарчаро ҳамсоя бо мақсади қасос гирифтан куштааст, дигарӣ аз амакаш гумонбар мешуд, саввумӣ бошад, падари кӯдакро гунаҳкор менамуд. Барои фаҳмидани асли ҳодиса мо роҳ ҷониби макони сар задани ин рӯйдоди нохуш пеш гирифтем.

Фароғат:

Милисаҳо тамоми маҳалларо кофтанд!

Аз таксӣ фаромада аз ҳар як одами рӯ ба рӯ омада хонаеро пурсон мешудем, ки ҷасади тифлаки маъсум ёфт шуда буд, вале яке ҷониби мо бо назари шубҳа нигариста: “шумо кистед?” мегуфту дигарӣ китф дарҳам мекашид, саввумӣ бошад, хомӯширо авло медонист. Ниҳоят чашмамон ба як зани нисбатан калонсол афтид ва боодобона салом дода пурсидем:

-Холаҷон, агар хато накунем, шумо аз ҳамин маҳалла ҳастед. Ба мо хонаи мотамзадаро нишон намедиҳед? Ҷасади духтарчаи якунимсолаашонро дирӯз ёфта буданд-ку!

—Эҳ напурсед, баъди гум шудани ҳамон духтарча қиёмат дар ин ҷо гӯё қоим шуда бошад, як лаҳза оромӣ надоштем. Милисаҳо хона ба хона гашта кӯдаки гумшударо кофтанд, ба ҳар як хона даромада аз падару модарон талаб намуданд, ки шаҳодатномаи кӯдаконашонро нишон диҳанд.  Тамоми маҳалларо такорӯ намуданд, вале бинед, ки ҷасади кӯдак аз хонаи худашон пайдо шуд.

-Аслан ин оила чӣ хел оила аст? Муносибаташон бо ҳамсояҳо чӣ хел?

-Бобоевҳо одамони бад нестанд. Ҳамаашон меҳнатӣ, хушмуомила, орому осуда зиндагӣ мекарданд. Ба ягон кас то имрӯз зарарашон нарасидааст. Намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки ин рӯзи сиёҳ ба сарашон омада монд. Беҳтараш ба хонаашон равед, асли гапро аз забони худашон фаҳмида мегиред духтарам,-Холаи Фароғат сӯйи дарвозаи сабзранге ишорат карда ба манзилаш даромад, мо бошем роҳ ҷониби хонаи мотамзада пеш гирифтем.

Модари Фотима шок шуда буд

Дар назди дарвоза духтарчаи тахмин 8-10- солае бо либосҳои мактабӣ рост истода буд. Баробари моро дидан вай тозон ба ҳавлӣ даромад ва бо ҳаяҷон хабар дод: “аяҷон, хонаба меҳмон омад!”

Баробари аз дар даромадани мо аз рӯйи таомули азодорӣ занҳо ба нола кардан даромаданд, марди солхӯрдаи дар болои кат нишаста бошад, ба пешвозамон бархост. Дар байни занҳо танҳо як нафар рӯю мӯяшро канда гиря намекард. Ҷавонзан сутуни айвонро оғӯш карда, лолу карахт танҳо ба як нуқта нигариста менишаст. Лабонаш ҷазза баста буданд, ранги паридааш бошад, девори куҳнаю фарсударо мемонд. Ҳолаташ аз он гувоҳӣ медод, ки ҷавонзан дар ҳоли шок қарор дорад. Пай бурдан душвор набуд, ки модари кӯдаки кушташуда маҳз ҳамин зан аст.

Бибии Фотима:

Духтарам бо янгааш душман набуд

-Ҳамон рӯзи наҳсе, ки ин ҳодисаи нохуш рӯй дод, дар хонаи ҳамсояамон  тӯй буду ман дар тӯйхона. Ду духтарам ба меҳмонӣ омада буданд, калонӣ ҳамроҳи янгааш Зебо (модари кӯдаки кушташуда) ба бозор рафту хурдӣ дар хона бо ҷиянҳояш монд. Мавлударо ҳафт моҳ пеш ба шавҳар дода будем, азбаски шӯяш дар Русия аст, хусуру хушдоманаш ӯро тез-тез ба хонаамон ба меҳмонӣ мефиристоданд, то ки бисёр зиқ нашавад. Духтарам як рӯз пеш аз хонаи хушдоманаш омада буд ва дар чеҳрааш ягон нишонаи хавотирӣ, нооромӣ ё беморӣ ба назар намерасид,-Мақсади моро шунида ба нақл кардан даромад бибии Фотимаи ноком Санавбархола.

-Муносибати Мавлуда бо янгааш  чӣ хел буд? Байнашон ҷангу ҷанҷол, рӯканию мӯканӣ шуда буд?

-Мавлудаю Зебо бо ҳам ончунон меҳрубон буданд, ки одами дидагӣ онҳоро апаю хоҳар гумон мекард. Як қатра обро бе ҳам намехӯрданд. Боварии кас намеомад, ки янгаю қайсингил бо ҳам чунин дӯсту тифоқ буда метавонанд. Зебо ду фарзанди калониашро ба Мавлуда монда чанд маротиба ҳамроҳи шавҳараш ба Русия рафта буд. Духтарам ҷиянҳояшро чунон бо меҳру муҳаббат парасторӣ мекард, ки бачаҳо набудани падару модарашонро ҳатто эҳсос намекарданд. Намедонам Мавлударо ҷин зад, шайтон васваса кард ё ягон дарди дигар ба вай ёр шуд, ки ҷиянчаашро кушта ба кунҷи зиндон афтиду аҳли авлоди моро шармандаю рӯсиёҳи ин дунёву охират гардонд. Ин доғи бадномиро дигар бо ягон чиз шуста намешавад. Намедонам сарамонро минбаъд дар байни мардум чӣ хел мебардорем…

Санавбархола инони ихтиёр аз даст дода ба нола кардан даромад. Мехостем сухани муносибе ёфта ин бибию модари аламзадаро таскин диҳем, вале ростӣ, дар чунин ҳолат кас чӣ гуфтанашро ҳам намедонад. Пас аз он ки вай каме ором шуд, пурсидем:

-Шояд акааш Мавлударо сахт ранҷонда буд ва духтаратон хостааст бо ҳамин роҳ аз вай қасос бигирад?

-Не, муносибати Мавлуда бо бародараш ҳам хуб буд, ягон бор ба якдигар гапи пасту баланд намегуфтанд.

Ғам болои ғам

-Писаратон хабари бо дасти хоҳараш кушта шудани фарзандашро чӣ хел қабул кард?

-Эҳ духтарам, беҳуда намегӯянд, ки бало танҳо намеояд, дари хонаи моро низ фалокат пайи фалокат мекӯбад. Падари Фотима ду моҳ боз дар маҳбас аст. Ҳанӯз аз як дард раҳоӣ наёфта ба сарамон боз як мусибати калон омад.

-Писаратонро барои чӣ ҳабс карданд?

-Чанд нафар ҳамсинфонашро бо гуноҳи пайвастан ба равияҳои динӣ дастгир карда буданд, дар телефони кадомашон рақами телефони писари ман будааст. Милисаҳо ту ҳам бо онҳо ҳамроҳ ҳастӣ гӯён, омада манзиламонро такорӯ карданд. Ягон чизи хатарноку ғайриқонунӣ наёфта бошанд ҳам, бо гумони пайваст будан бо ҳаракатҳои динӣ писарамро гирифта бурданд. Ду моҳ шуд, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 Модари Зебо:

Қайсингилаш духтарамро зиндадаргӯр кард

Ин дам ба суҳбати мо бибии модарии Фотимачаи ормонӣ ҳамроҳ шуд ва сӯйи духтараш ишорат намуда гуфт:

-Ғами шавҳараш барои ин бечора бас буд. Дигар тавони бардоштани бори гарони ғаму дардро надошт, вале “Болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, гул барин духтарчааш, ки фариштаро мемонд, бо марги худаш не, бо аҷали маҷбурӣ ҳалок шуд. Ғам болои ғам гашта, қомати духтарам чунон шикаст, ки ба гумон аст рӯзҳои наздик ба худ биёяд….

-Духтаратон ягон бор ба шумо аз хоҳаршӯяш шиква  намекард?

-Не, оиладориашонро 10 сол шуда бошад ҳам, ягон бор ба ман ё дигар аҳли оилаамон аз шавҳар, хусур, хушдоман ё қайсингилҳояш шикоят накардааст. Домодам Асатуллоро мо фарзанди худамон барин дӯст медоштем, қудо ҳам Зеборо аз духтарҳояшон кам намедонистанд. Ҳаёташон ширин ва Зебо аз зиндагиаш шоду мамнун буд, вале баъд аз он ки шавҳари меҳнатиашро бо туҳмат ҳабс карданд, пару боли духтарам шикаст. Бахт барои зан аз ҳама ширинтар аст, ғами шавҳараш дар ду моҳ гули рӯйи Зеборо хазон карда, бечора мурғи паркандаро мемонд, марги духтарчааш бошад, ӯро руҳан кушта, зиндадаргӯр кард. Метарсам, ки худашро ягон бало накунад…

Мавлуда ба гуноҳаш иқрор шуд

Вақте аз аҳли хонавода пурсидем, ки ҷиянчаашро куштани Мавлударо кӣ дидааст, лаҳзае хонаро сукути ҳузнангез фаро гирифта, ҳозирин ба ҳамдигар нигариста монданд, баъд модари Зебо оҳи сарди пурдарде кашида гуфт:

-Мавлуда худаш иқрор шудааст, ки ҷиянамро ман куштам. Бечора падараш духтари 23-солаи арӯсам ба зиндон афтида шармандаю рӯсиёҳ нашавад гуфта, гуноҳро бар дӯши худ гирифтанӣ шуд, вале ҳақиқат рӯйи об баромад. Мавлуда натанҳо ба гуноҳаш иқрор шуд, балки кай ва чӣ хел куштани кӯдакро ҳам пурра ба кормандони милиса нақл карда дод…

Ба саволи мо оиди он ки Мавлуда касалии руҳӣ дошт ё не, аҳли оила ҷавоби аниқ дода натавонистанд. Бибиҳои Фотимаи хурдакак танҳо як суханро гаштаю баргашта такрор мекарданд: “Қонун ба Мавлуда чӣ ҷазоеро, ки раво бинад, мо розием.”

Охирин қатраи оби тифли маъсум

Зиёд мехостем бо модари Фотима-Зебо ҳамсуҳбат шавем, аммо марги фоҷиабори ҷигарбандаш ин ҷавонзани бадбахтро чунон шикаста буд, ки мадори гап задан надошт. Вай танҳо як дона расмро ба мо дода гуфт:

-Фотимаҷони ман мисли фаришта беозор буд. Худаш хӯрокашро хӯрда ба гаҳворааш медаромад. Дигар тифлакон барин кӯдаки гирёнчак ва бадғаш набуд, ки баҳудаю беҳуда чирросзанон гириста асаби кӯдакбонро харошад. Намедонам гуноҳи ин тифли маъсум чӣ буд, ки аммааш ӯро….

Забони ҷавонзан ба гуфтани калимаи “кушт” нагашта, лаб фурӯ баст. Пас аз чанд лаҳзаи сукути талху сангин модари зор оҳи сарде кашида, ба акси духтарчааш ишораткунон гуфт:

-Ин охирин сурати духтаракам аст. Ана ҳамин оби хӯрда истодагияш охирин қатра обест, ки ба гулӯяш рехтааст. Бегоҳӣ як қатра оби сардро нӯшиду бегоҳии дигар зери хоки сард рафт….

Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Истаравшан-Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *