Дар Истаравшан роҳбарон “гӯшмол” гирифтанд

Дар Истаравшан маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид, ки дар он роҳбарони муассисаҳои ин шаҳр аз ҷониби раиси шаҳр ва муовини раиси вилояти Суғд гӯшмоли сахт гирифтанд.

Маълум гардид, ки баробари дастовардҳои муайян дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ камбудию нуқсонҳо низ ҷой доранд. Ба гуфтаи мавсуф, аз кор мондани ҳашт корхонаҳои саноатӣ, ғайриқонунӣ тақсим гардидани замин, ҳафт фоиз зиёд шудани арзу шикоятҳои мардум, ташкили ҳамагӣ 114 ҷои корӣ ва аз кор рафтани 214 нафар коргар аз он  дарак медиҳад, ки дар сари масъулият хунукназарӣ кардани масъулон зиёд гардидааст.Солҳои зиёд ба хотири ба фаъолияташон доғ нарасидан, гузоришу ҳисоботҳои дурӯғин навиштану бо ин амал хаспӯш кардани норасоиҳои дар ҷомеа, байни мардум дилсардиву норасоиҳо ба миён меояд.Раҳматзода Рустам Мирзо бо шунидани ҳисоботи 9-моҳа ба чунин хулоса омад. Оқибати сарсарӣ ва саҳлангорона амал кардану талаботи давру замонро дарк накарда, ба фориғболиву бемасъулиятӣ роҳ додани масъулин сабаби паст гардидани сатҳи рӯзгори мардум, болоравии нарху наво, нарасидани маводи озуқа ва афзудани ҷинояту хонавайронии оилаҳои ҷавон гардидааст.

Сипас, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода аз масъулони корхонаву ташкилотҳо сабаби зиёд шудани нуқсонҳо як-як пурсон шуд ва аз он изҳори таассуф намуд, ки кор дар самти фаҳмондадиҳӣ басо суст ба роҳ монда шудааст. Аз гуфтори росту амали ҳақ дурӣ ҷустани қариб ҳамаи масъулини соҳаҳои дахлдор ва мутасаддиёни ҳукумати шаҳр боиси боз ҳам поёнтар рафтани фаъолияти соҳаҳо гардидааст. Шаҳрдор сари масъулияти ба дӯшдоштаи хеш бо нигаронӣ изҳор мекард, ки корхонаҳои саноатӣ бо роҳи басо сахту мушкил сохта мешаванду пас аз чанде аз фаъолият кардан бозмемонанд.

Дардовар он ҳолат аст, ки нозирони бо корхонаҳои навкор марбутбуда, холабеғамона амал мекунанд.

— Пеши ин ҳолу аҳволро бояд гирифт, — изҳор дошт шаҳрдор Баҳром Иноятзода ва афзуд, — сари ин масъала нозирони вобасташуда якҷоя бо роҳбарони он корхонаҳо андеша намоянду ба соҳаи дастраси дигари истеҳсолӣ машғул гарданд, чунки имрӯз вақту замони даст рӯи даст монда нишастан нест, касе комёб мешавад, ки ҳаракат кунад.

Ҳамчунин, шаҳрдори муҳтарам муроҷиат ба ҳозирин карда, иброз дошт, ки Истаравшани бостониро оламиён шинохтаанду дар дил ҳаваси боздиди ин диёрро мепарваранд. Аммо ҳар субҳ дидани партовҳоро дар кӯчаҳову сари роҳи мошингарди дохили шаҳр дида, табъи кас хира мешавад. Куҷо он маърифату номуси шаҳрдории шаҳрвандон?! Вазифаи масъулини Муассисаи манзиливу коммуналӣ иборат аз он аст, ки ҳамарӯза тозаву озода нигаҳ доштани кӯчаву хиёбонҳоро таъмин намоянд, чунки тозагӣ нишони имону виҷдондорист. Миёни мардум мақоле ҳаст, ки «кӯчаи тоза нишони ҳурмати ҳамсоя ба ҳамсоя аст», пас ҳамсояҳо қадри ҳамдигарро  намедонанд?

Масъалаи баҳсангезе, ки касро сахт ташвиш медиҳад, ғайриқонунӣ тақсим ва фурӯхта шудани заминҳои обии деҳаи Қалъачаи Калон барои сохтмони манзил мебошад, ки собик директори Хоҷагии давлатии «Правда» (ва собиқ ҷонишини раис шаҳр) Примқӯл Нуриддинов ба он худсарона роҳ додааст. Имрӯз соҳибони ҳавлиҷойро гирифта фаҳмиданд, ки Пешвои миллат дар заминҳои обӣ сохтани манзилгоҳро манъ кардаанд. Биноан ба ин, аз Примқул Нуриддинов талаб доранд, ки маблағи ситонидаашро ба соҳибонаш баргардонанд. Ҳамин тавр, як гурӯҳ занон аз ҳукумат инро талаб доранд. Қонуншиканиҳои ба ин монанд аз ҷониби заминтақсимкунандагон зери назорати прокуратураи шаҳр қарор дорад, вале гунаҳкорон худро бегуноҳ шуморида, аз карда пушаймон нестанд.

 Раънои Зоирдухт

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *