Дар Истаравшан шавҳар занро кушт

 Чаро Ҳасани умре дар орзуи фарзанд дар пеши чашми кӯдаконаш Назираро 11 корд зад?

 Занкушӣ “мӯд” мешавад?

Вақтҳои охир овозаҳо дар бораи аз ҷониби мардон ба қатл расонида шудани ҳамсар, духтар, хоҳар, келин, хушдоман, хоҳаршӯй ва дигар одамони наздикашон тез-тез ба гӯш расида, сару садоҳои зиёдеро дар байни мардум ба миён меоранд. Иддае ба мардони қотил лаънат мехонанд, бархи дигар худи занҳоро гунаҳкор карда мегӯянд ба ҷони мард расонида, ӯро ба чунин амали ваҳшиёна маҷбур кардааст,  гурӯҳи сеюм бошад бар он назаранд, ки рӯз то рӯз вазнинтар шудани зиндагӣ асабҳои мардони бе кору бе пулро хароб карда, боиси чунин фалокатҳо мегардад. Ин андешаҳо то куҷо бо ҳақиқат созгоранд? Занкушӣ оҳиста-оҳиста “мӯд” шуда истодааст ё ин кушторҳо сабабҳои ҷиддӣ доранд? Хабари даҳшатангези куштори бераҳмонаи боз як ҷавонзанро дар Истаравшан шунида, мо тасмим гирифтем ба ин ноҳия сафар намуда сабабҳои сар задани ин фоҷиаро ҷӯё шавем ва ба саволҳои худ посух бигирем.

Фоҳиша ё фаришта?

Овозаҳо дар бораи ин ҳодисаи даҳшатангез дар Истаравшан зиёд  буданд. Баъзеҳо марҳумаро гунаҳкор намуда мегуфтанд, ҷавонзан аз шавҳараш 20-сол хурд буда, ошиқи ҷавон ёфтааст ва шавҳараш аз рашк даст ба ин амал задааст, вале дигарон ин андешаро рад намуда мегуфтанд: Назира фоҳиша не, духтари покдомани худотарсу намозхон ва меҳрубону беозор, хулоса як фариштаи заминӣ буд, вале бечора ятим, ки буд, ӯро ба ҳамин марди калонсоли майзада ба шавҳар дода, ба ҷонаш ҷабр карданд. Барои фаҳмидани он ки Назира дар асл чӣ гуна инсон буд, мо сараввал ба прокуратураи шаҳри Истаравшан рафта, пасон бо пайвандони марҳум во хӯрдем.

Марди бадрашк

Муъминов Ҳасан Толибович, санаи таваллудаш 12.05.1973, зода ва сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи М. Мусоев, хонаи №36 бо сабаби бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуда, моҳи апрели соли 2012 бо никоҳи мусалмонӣ Ҷабборова Назира Ҷалиловна, санаи  таваллудаш  28.08.1993-ро ба занӣ мегирад. Дар тӯли 4-сол онҳо соҳиби ду фарзанд мешаванд, вале ин марди умре ташнаи фарзанд худоро шукр нагуфта, зани ҷавонашро ба ҳар як санги сари роҳ рашк бурда, тез-тез ҷангу ҷанҷол мебардоштааст. Ба гуфти ҳамсояҳо шавҳараш Назираро ҳатто ба хоҳарзодаю додарзодаҳои худаш  рашк мекардааст. Ҷиянҳои Ҳасан бо янгаашон аз рӯйи эҳтиром салому алейк ва пурсупос кунанд, тағояшон ба ғазаб омада, Назираи бегуноҳро мурданивор мезадааст.

Прокурор чӣ мегӯяд?

Ба гуфти Прокурори шаҳри Истаравшан Ҷаҳонгири Фирдавс, рӯзи 26-уми  август байни Ҳасан ва зани ҷавонаш Назира бо сабаби рашк боз моҷаро бархоста, ин марди бераҳм дар пеши назари фарзандонаш-Сумаяи сесола ва Ясминаи якунимсола модари онҳоро 11 корд задааст. Ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида ба хонаи онҳо медаванд ва Назираи ғарқи хунро ба беморхона бурдан мехоҳанд, вале ҷавонзан дар нимароҳ бар асари захмҳои вазнини бардоштааш ба ҳалокат мерасад. Оиди ҳодисаи мазкур нисбати Муъминов Ҳ.Т. бо  моддаи моддаи 104, қисми 2, бандҳои “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтишот ба зиммаи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Истаравшан, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Назарзода Қ.Б. вогузор карда шудааст.

Нигина, апаи Назира:

Кӯдакони Назира ҳамтақдири модар гаштанд

Дар урфият мегӯянд, ки ятим рӯз бинад ҳам, рӯшноӣ намебинад, баъди марги хоҳарам ман ба ҳақиқати ин мақоли тоҷикӣ боварӣ ҳосил намудам. Хурдакак будем, ки падарамон аз дунё гузашт. Модарамон фарзандонам аз чизе танқисӣ накашанд гуфта ба тиҷорат мағшул шуд ва нафсаш бадӣ карда бо маводи мухаддир сару кор гирифт. Вай мехост барои мо зиндагии шоҳона созад, вале бори каҷ ба манзил намерасад гуфтагӣ барин, оқибат ба даст афтиду моро  тамоман бесоҳиб гузошта, кунҷи зиндонро манзил кард. Кунҷи зиндон манзилаш гашта, моро тамоман бесоҳиб гузошт. Азбаски ягон парастор надоштем, ману Назираро ба хонаи бачаҳо супориданд. Ҳарду дар ятимхона ба воя расидем.

Барои нон хизматгорӣ мекард

Баъди ба камол расидан ман дар заводи хиштбарорӣ ба кор даромада, чанде пас оиладор шудам, Назира бошад, барои як бурда нон ёфтан дар ба дари хонаи мардум хизматгорӣ мекард. Хоҳараки ғуррамаргам духтари ҳунарманди бо дасту панҷа буд. Машшотагӣ, пухту паз, дузандагӣ мекард, хулоса, аз уҳдаи тамоми кору кори зиндагӣ мебаромад. Дар ятимхона ин корҳоро ба мо ёд дода буданд, то дар ҳаёт азоб накашем. Назира аз субҳ то шом мӯрча барин дар такопӯ буд, як лаҳза орому қарор надошт, аммо бар ивази меҳнати сангинаш танҳо як бурда нони даҳонашро меёфту халос. Ҳоли зори ӯро дида, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхтам ва шабҳо то саҳар гиря мекардам, чаро тани хоҳари нозанини ман як умр либоси наву шикамаш хӯроки сериро намебинад. Наход як умр ҳамин духтари гул барин зебо хизматгор шуда гардад гӯён, худоро зорӣ мекардам, ки ягон ҷавонмарди меҳрубони бо нангу номус пайдо шуда, Назираро ба занӣ бигираду ҷонашро аз хизмати дари мардум халос намояд, вале…

Ба бенаво харбузаи каҷ мерасад

Мақоле ҳаст, ки ба бенаво харбӯзаи каҷ мерасад. Одам, ки камбағалу ятим шуд, қадру қимматаш ба хоки раҳ баробар шуда, ба ӯ танҳо пасмондаи дигарон мерасидааст. Дар ин замона ҳеҷ кас духтари ятим ва бекасу кӯйро келин намекунад, ҳама мехоҳанд аз оилаи сарватманд арӯс бигиранд, то келин ба хонаашон гарнитури хориҷию қолинҳои патдор, телевизору ДВД ва мошинаи ҷомашӯии замонавӣ биёрад. Назираи мо ягон айбу гуноҳ надошт, вале камбағалу ятим, ки буд, касе талабгораш нашуд, барои ҳамин ӯро ба марди зандидаи аз худаш 20 сол калон ба швҳар додем. Гумон доштам, ки ин марди як умр дар ҳасрати фарзанд сӯхта ба қадри хоҳаракам расида, ӯро тоҷи сар мекунад, аммо хаёлам хом баромад…

Об аз сар лой буд

Аз рӯзи аввали зиндагиашон Ҳасан ба Назира зулм карда, ӯро дашном медоду мезад. Хоҳаракам ба хотири вайрон нашудани зиндагиашон духтари хоҳаршӯяшро ба духтархонӣ қабул кард, бо умеде, ки шояд худованд бар ивази сила кардани сари ин кӯдак ба вай ҳам ягон фарзанд диҳад ва шавҳараш каме меҳрубонтар гардад. Дуояш мустаҷоб гашта паиҳам ду духтарча зоид, аммо…

Ҳасани умре дар орзуи фарзанд, ки бист сол бо зани нозой зиста буд, аз зани ҷавонаш соҳиби кӯдак шуда бошад ҳам, ба қадри ин неъмати бебаҳои атокардаи Парвардигор нарасида, Назираи бегуноҳро ба ҳар як ходачӯби сари роҳ рашк карда, беҳуда зери мушту лагад мегирифт.  Тамоми бори зиндагиро хоҳарам танҳо мекашид, чунки шавҳараш як бекорхӯҷаи дарди сар буд. Назира ҳатто дар вақти ҳомиладориаш бо шиками дам ба кори саҳро мерафт, то нони даҳонашро ёфта хӯрад. Шавҳараш як тин даромада надошта бошад ҳам, овозаш чунон баланд буд, ки ногуфтанӣ. Вай худро шери жаён гирифта, як сум ёбад, дарҳол ба сӯйи майхона медавид. Назира Ҳасани масти лояқили дар даруни обу лой афтида, хобаш бурдаро пуштора карда ба хонааш меовард. Рӯзаш ба рӯзи саг баробар бошад ҳам, хотири ду фарзандаш ба ҳама ҷабру ҷафои ин майзада  тоқат мекард хоҳараки ормониам…

Ҳасан хоҳарамро фиреб дода бурд

Ду моҳи охир муносибати Ҳасан бо Назира тамоман бад шуда монд. 15 рӯз пеш аз маргаш шавҳараш Назираро чунон сахт зад, ки сараш қариб ду нима шуда буд. Духтурҳо сарашро ҳафт кӯк дӯхтанд. Баъди ин ҳодиса дигар нахостам, ки  Назира ба назди ин чоҳил баргардад. Хоҳарам чанд  вақт дар хонаи ман истод, вале боз дилаш ба ҳоли шавҳари золимаш сӯхта, ҳарчи ҳам набошад, вай падари фарзандонам аст гӯён, ғам мехӯрд. Хотири ду духтаракаш вай аз гуноҳи шавҳараш гузашта аризаашро гирифт. Рӯзи наҳси 26 август саҳар Ҳасан ба хонаи ман омад ва зориву тавалло кард, ки иҷозат диҳам зану фарзандонашро гирифта барад. Гуфтам, ки  Назира падару модар надошта бошад ҳам, бесоҳиб нест, соҳибаш ман ҳастам ва хоҳарамро ба ҷаҳаннам партофтанӣ нестам. Ҳасан сад қасам хӯрд, ки дигар Назираро озор намедиҳад ва бо фиреб хоҳаракамро бурду…

Дилам сиёҳӣ меовард

Ҳамон шаб хоб дида будам, ки Ҳасан ба тани хоҳарам сӯзан зада истодааст, аммо Назира мисли ҷасади беҷон хомӯш аст. Ҳасан Назираро бурду дар дилам алов афтидагӣ барин сабру қарорамро гум кардам. Лаҳза ба лаҳза ғулғулаи дилам зиёдтар шуда, дастам ба ягон кор пеш намерафт. Баногоҳ садои занги телефон баланд шуд. Осемасар гӯшакро бардоштам. Ҳамсояи хоҳарам бо садои ларзон гуфт: ““Ҳозир Ҳасан Назирая мекушад, апаҷон, тезтар расида биёед…”

Саркану покан чӣ хел ба хонаи хоҳарам, ки дар маҳаллаи поён аст, расида рафтам, худам ҳам намедонам. Вақте ки ман аз дар даромадам духтурон Назираи нимҷонро ба бемористон бурда истода буданд. Гирёну нолон худоро зорӣ кардам, ки ба ҷони ҷавони хоҳараки рӯзу рӯшноӣ надидаам ва ду тифлаки хурдсолаш раҳм кунад, вале Назираи ормонӣ дар нимароҳ дар даруни мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷон ба ҳақ супоридааст..

Духтур маро лату кӯб кард

Вақте ба сардхона расидам, аллакай ҷисми бе ҷони хоҳари ягонаам онҷо буд. Зориву тавалло кардам, ки ҷасади хоҳарамро диҳанд, то маросими гӯру чӯби маитро ба рӯзи дигар нагузошта, ҷасадашро зудтар ба хок супорему руҳаш ором бигирад, аммо Бахтиёр ном корманди сардхонаи Истаравшан ба ҷойи тасаллияту ҳамдардӣ маро лагадкӯб  кард. Оё нисбати одами наздики маит, ки  шахси наздик, ҷигарбандашро аз даст додааст, чунин рафтор кардан мумкин аст? Мақомот ё сохторе нест, ки нисбати чунин муштзӯрон чора андешида, танобашонро андак кашида монад?

Занро ба осмон мебарорем, вале…

Занро дар радиову телевизион, маҷаллаву рӯзнома ва иду айём таърифу тавсиф намуда ба осмони ҳафтум мебарорем, вале вақтҳои охир ҳафтае нест, ки “чароғи хонадон”, “маҳфилорои замин”, “ҷаҳоноро”-е бо дасти мард кушта шуда, ин дунёи нозанинро падруд нагӯяд ё аз ҷабри мард даст ба худкушию худсӯзӣ назанад. Ба ҷомеаи мо, ки тӯли садсолаҳо дар руҳияи эҳтиром ба зан-модар ба воя расида, ин сарчашмаи меҳру муҳаббатро муқаддас медонист, вақтҳои охир чӣ шудааст? Чаро имрӯз ҷиноятҳои вазнин маҳз дар муҳити оилаҳо сар мезананд? Чаро шавҳар душмани зану хусур аҷали келин ва язна ташнаи хуни хоҳарарӯс аст? Сари ин масъала ҳар кадоми мо, аз одами одӣ сар карда, то вазирону кабирон бояд хеле ҷиддӣ андеша намуда, барои пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои даҳшатнок чораҳои фаврӣ андешем, то занкушӣ “мӯд” нашавад!

Фарзона Муродӣ,

мухбири махсуси “Оила” дар Вилояти Суғд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *