Дар Кӯлоб барои беҳбудии шароити зисти камбизоатҳо талош мекунанд
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кӯдакон дар самти беҳдошт, тозагӣ ва саломатӣ ҷаласаи ташкилоти ҷамъияти Good Neighbors оид ба “Лоиҳаи рушди ҷомеа дар шаҳри Кӯлоб” баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, ҷаласа бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳр доир гардидааст.
Ҳамидиён Орзу, муовини раиси шаҳри Кӯлоб зимни суханронии хеш иброз доштааст, ки лоиҳаи “Рушди ҷомеа дар шаҳри Кӯлоб” ба беҳбудии шароити зисти сокинони камбизоати маҳаллаҳо нигаронида шудааст.
— Баъдан намояндагони ташкилоти Good Neighbors оид ба бахшҳои фаъолияти ташкилот дар самтҳои сарпарастии кӯдакон, беҳбудии фаъолият дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, дарёфти даромад, барномаи кор бо кӯдакони сарпараст ба иштирокчиён иттилоъ доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани сатҳи камбизоатии сокинон, омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, ҷалби кӯдакон ба мактабу касбомӯзӣ ва инчунин расонидани кумакҳои гуногун, аз қабили ашёву лавозимоти мактабӣ ба кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ