Дар Кӯлоб гирифторӣ ба бемории сил 3 маротиба кам шудааст
Дар соли 2023, 718 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ба бемории сил гирифтор шудаанд.
Бино ба иттилои дастрасгардида, шумораи умумии беморон дар ин минтақа 803 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 65 нафар шакли мутобиқгашта буда, 718 нафар бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. 20 нафари дигар ба бемориҳои силу ВНМО мубтало шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра теъдоди фавт ҳам кам ба қайд гирифта шудааст, яъне дар як сол ҳамагӣ 11 нафарро ташкил медиҳаду халос.
Тибқи таҳлилҳо омори гирифторӣ ба бемории сил дар Кӯлоб, нисбати соли 2022 се маротиба кам шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ