Дар Кӯлоб кӣ стипендияи президентӣ мегирад?
Аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ гузаронида мешавад.
Дар Кӯлоб дар ин озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ 10 нафар пирӯз шуданд, гузориш медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Дар он 24 нафар довталабоне, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи президентӣ муайян мегарданд.
Озмуни мазкур ба тарзи шаффоф гузаронида шуда, дар он ба савияи дониш ва лаёқати довталабон диққати асосӣ дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ