Дар Кӯлоб корхонаи истеҳсоли лифт месозанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли лифт бунёд мешавад.
Дар назар аст, ки то 35-солагии Истиқлоли кишвар ин корхона ба истифода дода шавад. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар майдони беш аз 300 гектар таъсис дода шудааст. Айни замон дар ин минтақа 7 субъект сабти ном шудаанд.
Корхонаи истеҳсоли филтрҳои ҳавоӣ ва равған барои мошинҳо аз ҷониби ҶДММ «Тоҷик алмос» ба истифода дода шуда, дар он 18 нафар бо кор таъминанд.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақими хориҷӣ маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 7 шартнома ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд. Бино ба маълумоти расмӣ, аз ҳама гуна фаъолиятҳои соҳибкорони МОИ, танҳо ду намуди андоз – андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ рӯёнида шуда, вориднамоии таҷҳизот аз боҷи гумрукӣ озод аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон чор Минтақаи озоди иқтисодӣ — МОИ «Суғд», МОИ «Панҷ», МОИ «Данғара», МОИ «Ишкошим», МОИ “Кӯлоб” амал менамоянд.
Дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” дар самти таъсиси корхонаҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ дастоварди бештар ба назар мерасад. Аммо фаъолияти ду МОИ-и дигар – “Панҷ” ва “Ишкошим” он қадар муассир ба чашм намерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ