Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷиронро аз Федератсияи Россия ихроҷ мекунанд?
Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷиронро аз Федератсияи Россия ихроҷ мекунанд?
- “Депортатсия” чист?
- Сабабҳои ихроҷ ё “депортатсия”
- “Депортатсия” шудед, чӣ бояд кард?
- Бозгашти шахси ихроҷшударо ба Ватан кӣ таъмин менамояд?
- Ҳукми ихроҷро бекор кардан мумкин аст?
- Киҳоро “депортатсия” намекунанд?
- Депортатсия” аз “выдворение” чӣ фарқ дорад?
- “Депорт” шудан ё нашудани худро чӣ гуна фаҳмидан мумкин?
- Ҳуқуқҳои “депортатсия” шудагонро кӣ ҳимоя мекунад?
Ҳодисаи нохуши куштори як духтари рус бо исми Анастасия ба дасти ошиқи тоҷикаш ҷомеро ба шӯр оварда, намояндагони баъзе ҳизбҳо ва ҳаракатҳои Россия талаб карда истодаанд, ки қонунҳои муҳоҷиратиро пурзӯр намоянд. Ин ҳолат хавфи бо ҳар баҳона аз Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” шудани муҳоҷирони меҳнатиро дучанд месозад. Аз ҳамин сабаб ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд дар бораи “депортатсия” маълумоти дақиқ дошта бошад, то тавонад дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намояд.
“Депортатсия” чист ва дар кадом асос муҳоҷиронро ихроҷ мекунанд?
“Депортатсия”-ин амали ба таври маҷбурӣ ба мамлакати худаш баргардонидани шаҳрванди хориҷие мебошад, ки дар кишвари қабулкунанда зисту зиндагӣ карданаш барои мақомоти он кишвар чандон хушоянд нест. Масъалаи ихроҷ намудан аз мамлакат, яъне “депортатсия” дар Федератсияи Россия дар асоси Қонуни федеролии Россия таҳти рақами №115-ФЗ аз 25-07-2002 “Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР” ва Фармони Вазорати корҳои дохилии Россия аз 24.04.2020 таҳти №239 “Дар бораи тасдиқи тартиби ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ ВКД. РФ” танзим ва амалӣ карда мешавад.
Сабабҳои ихроҷ ё “депортатсия”
Шаҳрванди хориҷиро аз Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” карда метавонанд, агар тартиби буду бош ё қонунҳои муҳоҷиратии ин кишварро вайрон карда бошад. Сабабҳои асосии “депортатсия” шудани муҳоҷирон инҳоянд:
- Надоштани қайди муҳоҷиратӣ ё ба итмом расидани мӯҳлати қайди муҳоҷиратии муҳоҷир ва дароз накардани мӯҳлати қайд.
- Суғуртаи тиббӣ надоштани муҳоҷир.
- Машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ.
- Маълумот надодан дар бораи доштани иҷозатномаи муввақатии зист РВП ё иҷозати зист (Вид на жительство) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомотҳои расмӣ.
- Истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё додани маълумоти бардурӯғ дар бораи шахсияти худ.
- Вайрон кардани мӯҳлати буду бош дар Федератсияи Россия.
- Хушоянда набудани зисту зиндагии шахси хориҷӣ дар кишвар (нежелательность нахождения человека в РФ). Асосан шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, ба ин категория дохил шуда, ба таври маҷбурӣ бо кӯмаки кормандони мақомотҳои қудратӣ аз Россия ихроҷ карда мешаванд.
Ба ғайр аз ҳолатҳои зикршуда ҳамчунин муҳоҷиронро метавонанд бо сабаби гирифтор будан ба бемориҳои хавфноки сироятӣ аз қабили ВИЧ-СПИД, туберкулёз, гепатит, махсусан гепатити навъи С аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намоянд.
Шахсоне, ки ягон ҷиноят содир намуда, ба зиндон афтодаанд, баъди баромадан ба озодӣ аз Федератсияи Россия фавран “депортатсия” карда мешаванд. Маҳбусони ба озодӣ баромада ба таври маҷбурӣ ба кишваре, ки шаҳрванди он ҷо мебошанд, фиристода мешаванд.
Шумо дар Федератсияи Россия ҳастед ва метарсед, ки аллакай ба рӯйхати депортатсия шудагон афтодаед? Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол метавонед ба сомонаи расмии Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ворид гашта, депортатсия шудан ё нашудани худро аниқ созед.
Сомонаи электронии сомонаи Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия:
http://services.fms.gov.ru/info-service.htm?sid=3000 (Санҷиши депорт шудан ё нашудани шаҳрвандони хориҷӣ тариқи онлайн сурат мегирад. Шумо метавонед танҳо бо пур кардани варақа аз Федератсияи Россия ихроҷ шудан ё нашудани худро аниқ намоед)
“Депортатсия” шудед, чӣ бояд кард?
Вақте ки шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷири меҳнатиро дар асоси қонун аз Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортатсия” мекунанд, шахси ихроҷшуда вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯз қаламрави ин кишварро тарк намояд.
Дар сурати бекор шудани иҷозатномаи муввақатии зист (РВП) ва ё иҷозатномаи зист (Вид на жительство) шахс бояд дар бадали 15 рӯз аз қаламрави Россия берун шавад.
Бозгашти шахси ихроҷшударо ба Ватан кӣ таъмин менамояд?
Аксаран ихроҷшудагон, яъне онҳое, ки “депортатсия” карда шудаанд, аз ҳисоби худашон ба Ватан баргардонида мешаванд, вале дар баъзе ҳолатҳо бозгашти шахси ихроҷшударо категорияҳои зерини одамон ва ташкилотҳо маблағгузорӣ менамоянд:
- Шахс ё ташкилоте, ки шаҳрванди хориҷиро ба Федератсияи Россия даъват кардааст.
- Сафорат ё консулгарии мамлакате, ки шахси ихроҷшуда шаҳрванди он кишвар мебошад.
- Дар сурати мавҷуд набудани ташкилотҳои дар боло зикршуда шахси “депортатсия” шуда аз ҳисоби худи давлати Россия ба кишваре, ки шаҳрванди он ҷо мебошад, баргардонида мешавад.
Оё ҳукми ихроҷро бекор кардан мумкин аст?
Бале, ҳукми “депортатсия”-ро бекор кардан мумкин аст. Агар дилпур бошед, ки бе асос ихроҷ карда шудаед, шумо ҳуқуқ доред, ки дар муддати 10 шабонарӯз пас аз гирифтани нусхаи қарор дар бораи “депортатсия” шуданатон ба суд муроҷиат намуда, шикоят кунед.
Барои бекор кардани қарори суд дар бораи “депортатсия” шудани шахс, ки аллакай ба ҳукми қонунӣ даромадааст, бо ариза ба суди зинаи болоӣ муроҷиат кардан лозим меояд. Чунин қарорҳо танҳо ба тариқи назоратӣ аз ҷониби суди зинаи болоӣ бекор карда мешаванд. Барои бекор кардани қарор дар бораи “депортатсия” ин ҳолатҳо ёрӣ мерасонанд:
- Агар муҳоҷир дар Россия ҷойи кори доимӣ ва амвол дошта бошад ва бори аввал қонуншиканӣ карда бошад.
- Шахси ихроҷшуда дар Федератсияи Россия расман оиладор шуда, зан ва фарзандони хурдсоле дошта бошад, ки дар таъминоти ӯ ҳастанд ё волидони кӯҳансолаш дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.
Шумо ба рӯйхати депортатсия шудагон афтодаед ва ниёз ба кӯмаки ҳуқуқӣ доред? Метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намуда, машварати ройгони ҳуқуқӣ бигиред:
Адвокат оид ба масъалаҳои муҳоҷират:
Машварати ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар ҳоли “депортатсия шудан аз қаламрави ФР.
Суроға: ш. МОСКВА, ХИМКИ.
Телефон: +7 929 616-00-99. AA@MA
САНКТ-ПЕТЕРБУРГ, кӯчаи ЗВЕНИГОРОДСКАЯ Д.1, КОРП.2, БЦ ЗВЕНИГОРОДСКИЙ.
Тел: +7 812 903-00-99 [email protected]
САНКТ-ПЕТЕРБУРГ, кӯчаи НОВГОРОДСКАЯ, Д. 23, ОФ. 307 БЦ БАЗЕЛЬ.
Тел: 8 812 930-88-35. [email protected]
Суроғаи электронӣ: https://ma-spb.ru/blog/sudebnaia-i-administrativnaia-praktika/besplatnaia-konsul-tatsiia-po-voprosam-migratsii-nashi-pravila
Киҳоро “депортатсия” намекунанд?
Тоифаи муайяни шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки “депортатсия” карда намешаванд. Инҳо:
- Кормандони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатӣ.
- Гурезаҳо ва шахсони хориҷие, ки расман барои гирифтани паноҳгоҳи муввақатӣ ё сиёсӣ муроҷиат кардаанд.
- Шахсоне, ки барои гирифтани статуси гуреза дархост пешниҳод намудаанд, то дида баромадани ин масъала аз ҷониби мақомоти марбута.
- Шахсоне, ки мақоми гурезаро аз даст додаанд, вале бо сабабҳои аз худи онҳо вобаста набуда (масалан ҷанг, тазоҳурот ва ғайра) ба мамлакати худашон баргашта наметавонанд, зеро ба ҳаёт ва озодиашон хатар таҳдид менамояд.
- Шахсоне, ки бо сабаби ихтилофоти динӣ, нажодӣ ё сиёсӣ таҳти таъқиб қарор доранд
“Депортатсия” аз “выдворение” чӣ фарқ дорад?
Бисёриҳо фарқи байни ихроҷ шудан ва ронда шудан “выдворение”-ро намедонанд. Бояд гуфт, ки шахс танҳо дар асоси қарори суд дар ҳоли мавҷуд будани делелҳои мушаххас дар бораи қобили таҳаммул набудани минбаъд мондани ӯ дар Россия аз кишвар ронда мешавад, вале барои ихроҷ, яъне “депортатсия” кардани шаҳрванди хориҷӣ мавҷуд будани қарори суд ҳатмӣ нест. Масъалаи “депортатсия” кардани шахси хориҷиро роҳбарияти мақомотҳои муҳоҷиратӣ метавонанд мустақилона ҳал карда, шахсро аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намоянд. Хурдтарин ҳуқуқвайронкунӣ аз қабили пардохт накардани пули телефон ё як ҷанҷоли хурдакак бо мардуми маҳаллӣ метавонад барои аз Россия ихроҷ шудани шумо асос гардад.
“Депорт” шудан ё нашудани худро дар Тоҷикистон фаҳмидан мумкин аст?
Агар қаблан ба Россия сафар карда бошед, пеш аз оне, ки чиптаи ҳавопаймо мехаред, ҳатман ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, фаҳмед, ки ихроҷ “депортатсия” шудаед ё не.
Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121. Почтаи электронӣ: [email protected] тел/факс: +992-37-225-05-71, 225-05-72. 225-07-19
Маълумотро дар бораи “депортатсия” шудагон аз сомонаи infomuhojir.tj низ гирифтан мумкин аст.
Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳоятон ва ғайри қонунӣ ихроҷ шудан аз Федератсияи Россия шумо метавонед ба суди ҷойи зисти худ, яъне минтақае, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаед, бо ариза муроҷиат намоед. Мабодо чунин имконият надошта бошед, пас ба намояндагиҳои зерини Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон дар Россия муроҷиат кунед:
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Русия: тел:+7(495) 9679844 аз 9.00 то 18.00
ш. Москва. тел: +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13
Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Суроға: 123001, ш. Москва, гузаргоҳи Гранатный, 13
Тел: 8(495) 690-41-86
Web: www.tajembassy.ru
Подробнее тдж: https://oila.tj/news/dar-kadom-olato-muoironro-az-federatsiyai-rossiya-ikhro-mekun
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ