Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ маош аз ҳама зиёдтар боло рафт?

Аз лиҳози болоравии музди меҳнати миёна дар семоҳаи аввали соли 2022 байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) Қазоқистон пешсаф аст.

Бино ба маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, болоравии маош дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 тариқи зайл аст:

Дар Русия — 15%, то 60 101 рубли русӣ ($709);

Дар Қазоқистон — 23,7%, то 285 433 танга ($627);

Дар Белорус — 17,1%, то 1 554 рубли белорусӣ ($551);

Дар Арманистон — 9,6%, то 212 767 дирҳам ($437);

Дар Қирғизистон — 11,4%, то 20 943 сом ($234);

Дар Ӯзбекистон тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, болоравӣ 19,1% — то 3,426 млн сӯм ($305)-ро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон музди меҳнати миёна 13,7% афзуда, ба 1747 сомонӣ ($155) расид.

Доир ба музди меҳнати миёна ва сатҳи болоравии он дар Туркманистон маълумот дарёфт нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *