Дар кишвари африқоии Малӣ шуриш ба амал омада, президенти он ҳабс шуд
Шӯриши Малӣ рӯзи сешанбе дар пойгоҳи низомии Кати дар наздикии Бамако –пойтахти ин кишвар оғоз ёфт.
Шӯришиён ҳабси президент Иброҳим Бубакар Кит ва сарвазир Бубу Сисаро эълон карданд. Пас аз чанд соати боздошт, Президент истеъфо ва пароканда шудани парламент ва ҳукуматро эълон кард. Нерӯҳои исёнгар таъсиси Кумитаи Миллиро барои наҷоти мардум эълом карданд ва инчунин ба ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар, ки ба интихоботи умумӣ даъват карданд. Мухолифон дар Мали ваъда доданд, ки бо раҳбарони табаддулоти низомӣ дар гузариши сиёсии кишвар якҷо кор хоҳанд кард.Ин кишвар дар оғоз мутсамликаи Фаронса буд ва дар солҳои шастуми асри гузашта истиқлолият ба даст овардааст. Малӣ қаблан ҳам чанд бор ба табаддуллоти ҳарбӣ ру ба ру шуда буд. Малӣ кишвари мусулмонӣ буда, сокинонаш пайрави дини ислом, мазҳаби суннӣ мебошанд.
А.А.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ