Дар Кохи Борбад маҳсулоти арзон ба фурӯш гузошта мешавад
Беш аз 40 корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ ва корхонаҳои муштарак давоми се рӯз маҳсулоти худро дар «Кохи Борбад» ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Ин намоишгоҳи миллӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон -2017» рӯзҳои 4, 5 ва 6 май дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ташкил карда мешавад. Ташаббускорони асосии намоишгоҳ агентии «Тайрон» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошанд.
Тавре ки масъулини намоишгоҳи мазкур дар суҳбат бо «Tajikistantimes» иброз доштанд, муаррифии молҳои истеҳсоли ватанӣ ва рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Дар намоишгоҳ ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои муштарак молу маҳсулоти худро дар бахшҳои хизматрасонӣ, сохтмон, хӯрока, молҳои нассоҷӣ ва дигар маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон пешкаши муштариён мегардонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ