Дар Кохи Борбад ҳунармандони тоҷику ӯзбек ҳунарнамоӣ мекунанд

Шоми имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар Маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳ баргузор мегардад. Барномаи консерт «Шоми дӯстӣ» унвон гирифта, бо иштироки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.
Дар консерт баробари санъаткорони шинохтаи ду кишвар, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, кидар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, ҳунарнамоӣ мекунад.
Шералӣ Ҷӯраев ба тоҷикӣ низ чандин тарона, аз ҷумла, «Ушшоқи Самарқанд», «Намак дар комҳо…», «Эй ҷони ман аз ман марав» вағайраҳо сурудааст, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд доранд. Инчунин коршиносон саҳми ӯро дар рушди робитаҳои фарҳангии ду давлати ҳамҷавор ва дӯст-Тоҷикистону Ӯзбекистон назаррас арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *